Баромадҳои ТТЭ ҲНИ дар зери ниқоби дини Ислом

Имрузхо дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияҳои ифротгаро ва ҳатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд.

Чунончи пайдоиши «ТТЭ ҲНИ» дар охирҳои  асри ХХ пайдо шуда бе сару сомониҳоро дар Тоҷикистон ба миён овард.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҷавонон аз камтаҷрибагию нофаҳмӣ ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил гашта, минбаъд аз тарси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан, дар ҳайати ин ташкилотҳо фаъолияташонро идома медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки дар эзоҳи як қатор моддаҳои КҶ ҶТ муқаррарот оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гаштани шахси ҷиноят содир карда, пешбинӣ гаштааст. Ин муқаррароти қонун ба аҳолӣ бояд фаҳмонида шавад, то ки нафарони гумроҳ гашта, оиди фаъолияти худ ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳанд, ки дигар оқибатҳо пешгирӣ карда шаванд.

Такмил додан, беҳтар кардани сифати тарғибу ташвиқоти солим ва созанда яке аз кафолатҳои муҳими таъмини осоиштагии ҳаёти ҷомеа ва пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ мебошанд.

Барои аз байн бурдани чунин нофаҳмиҳо, бадбиниҳо ва амалҳои ғайриинсонӣ, ҳар як фарди солимақл вазифадор аст, ки мардумро ба миллат ва дин ҷудо накунад, чунки онҳо ҳама офаридаи як Худоанд, чи тавре ки Саъдии Шерозӣ ба маврид фармудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Яъне ҳар яки мо пеш аз даст задан ба ягон амали зишт ва ё амале, ки ваҳшиёна аст, бояд фикр кунем: «Оё чунин амали ман дуруст аст?», «Оё ин мусалмонии маро исбот мекунад?

Албатта, на, дуруст нест, ин амали зишт мусалмониро исбот намекунад ва ин роҳи ислом нест, балки ин роҳи мусалмонони ғаразнок ва соҳиби мафкураи паст мебошад. Пас, биёед, ҳаракат кунем, ки бо амалҳои хуби инсонии худ номи исломро пок нигоҳ дорем ва дар роҳи рости ислом вафодор монем. Ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеаи имрӯзаи соҳибистиқлол барои зиндагии осоиштаву босуботи имрӯз ва фардои худ талош варзем.

Ассистенти кафедраи забонҳои
хориҷӣ Махсудзода Х. А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *