БАРОИ РЕШАКАН НАМУДАНИ ҒОЯҲОИ ИФРОТКОРӢ БОЯД КАМАРИ ҲИММАТ БАСТ!

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон собит менамояд, ки насли нави ифротгароёнӣ динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳҳои террористии ДИИШ, ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи -24 ва дигар созмону равияҳои ифротӣ роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Умуман гуфтору рафтори душманони миллат бо даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одоб, аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатҳои аҳмақона бори дигар ба мардум, бахусус ҷавонон собит намудааст. Лекин, хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Хулоса, мо ҳамаи баромадҳои ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи -24 ва пайравону ҳаммаслаконаш, хусусан Муҳаммадиқболи Садриддину Беҳрӯзи Тағойзодаро инкор ва шадидан маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки минбаъд низ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои решакан намудани ғояҳои ифроткорӣ камари ҳиммат баста, бар зидди хоинони давлату миллат муборизаи беамон бояд бурд!

М.МАМАДҶОНОВА,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *