БАРОИ РЕШАКАН НАМУДАНИ ҒОЯҲОИ ИФРОТГАРОИИ ТТЭ ҲНИ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

Мусаллам аст, ки ТТЭ ҲНИ аз замони таъсис ва ба фаъолият шурӯъ намуданаш, ба ҷузъ ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори неку судманд барои халқу миллату ҷомеа накардааст. Воқеан вақт довар ва таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон фикру ақидаи ифротии собиқ  ҲНИ-ро мушоҳида ва дарк намуда, донистанд, ки амалиётҳои террористӣ асосан аз ҷониби ин гурӯҳи манфиатҷӯ амалӣ гардидааст. Ба ёд меорем, ки ҷанги дохилии Тоҷикистонро собиқ аъзоёни ҲНИ ташкил кард ва аз тарафи ин ташкилоти террористию экстремистӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии кишвар кушта шуданд ва ин амалҳо  душмани миллат будани онҳоро ба миллати тоҷик исбот менамояд. Вале, Кабирӣ ва пайравонаш то ҳол ба худ хулосабарорӣ накарда, имрўз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифроти “Паймони миллӣ…” ва инчунин ҳаммаслакаш Муҳммадиқболи Садриддин дар барномаи “Пайванд”, чун тўтии сухангў такрор ба такрор дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли кишварро нодида гирифта, сохту ҳаёти мардумро танқиду мазаммат менамоянд. Мо доир ба фаъолияти зиддидавлатии М. Кабирӣ ва пайравонаш бо санаду далел ва мисолҳои зиёде борҳо навиштаем. Боз ёдовар шуда, таъкидан қайд менамоем, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Ин роҳгумзада бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло барои амалҳои  навбатиаш  дар назди корфармоёнаш  чӣ сарфу харҷ мешавад ҳисобот дода, дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, гуфтан дорад. Ба Кабирӣ гуфтанием, ки вақте аз минбарҳо бо ваъдаҳои пуч ба миллати тоҷик муроҷиат менамояд, аз амалҳои қаблиашон бояд андеша намоянд. Аз фаъолияти чандсолаи ин ҳизби бадкор бори дигар ёдовар шуда, қайд менамоем, ки наҳзатиҳо ҳеҷ созише на бо мардум ва на бо ҳукумат надоранд, ҳадафашон тағйири мазҳаб, сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир додан аст.ТЭТ ҲНИ дар симои кишвари ба ҳамагон маълум такягоҳи худро ёфта, мазҳабу виҷдон ва ҳама гуна арзишҳои миллиро фурӯхтаанд. Бар ивази маблағҳои хоҷагони шиаашон омода ҳастанд, ки ватанашонро ба як ғуломи давлати дигар табдил диҳанд.Баробари ин бори дигар таъкид менамоем, мо баромадҳои роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва пайравонашро инкор ва шадидан маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки барои решакан намудани ғояҳои ифротгароии хоинони миллат муборизаи беамон бояд бурд !

А. БОБОЕВ,
сармуаллими кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *