БАРОИ РЕШАКАН НАМУДАНИҒОЯҲОИ ИҒВОГАРОНАИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ МУБОРИЗА БОЯД БУРД!

Имрӯзҳо Муҳаммадиқболи бешарафи ватанфурӯши беномус дар сомонаи ифротии  “Ислоҳ нет” дар ниқоби «Рӯзноманигор» ҷилва намуда, гӯё барои Тоҷикистон ахбори наву тоза мунташир мекунанд.Зимни ироаи гузоришу матолибу мусоҳибаҳо аз ҳасудӣ нисбат ба давлату миллати худ суханони таҳқиромез гуфта, шахсони баландпояи кишварро тӯҳмату ғайбат мекунад. Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки дар  ҳафтаи дуюми моҳи июл соли ҷорӣ маводи навбатӣ дар сомонаи “Ислоҳ нет” ҷой додаи наҳзатиёнро мо мавриди таҳлил қарор дода, ибрози андеша мекунем. Бояд қайд капрд,ки дар маводи мазкур нисбати як зани тоҷик таҳқиромез суханҳои бардуруғу бемантиқ мисолҳо оварда, як қатор шахсиятҳои шинохтаи миллати тоҷикро зери эрод қарор дода шудааст.. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне расонаи хабарӣ нисбати зан-модари тоҷик сухани тақиромез гуфтан раво нест!!! Ин рафтору гуфтор ба миллати мо хос нест!

Бояд ёдовар шуд, ки М.Садриддин ва умуман бештари наҳзатиёни фирорӣ ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати хеш хиёнат мекунанд.Ин навбат бо интишори маводи навбатӣ нисбати зиндагӣ, фаъолияти як зани тоҷик ба хотири  манфиати ғарзнокашон сиёсатбозиҳои худро пеша намуда истоданд, ки воқеан ба ғайр аз ин амал дигар коре надоранд.

Имруз таҳлилҳо собит менамояд, ки дар ҳақиқат наҳзатиён, алалхусус Муҳаммадиқболи бешараф арзишҳои бузург мисли Ватан, Модар ва Дин барояш ягон аҳамияте надорад ва барояш як сухани хоҷаи хориҷияш аз ҳама боло меистаду вай танҳо барои фирефта сохтани мардум аз ин арзишҳо истифода менамояду халос. Дар иртибот ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки  файласуфи бузурги Шарқ Муҳаммад Зарринтоҷи Кордон перомуни рафтори ин тоифа чунин изҳори назар кардааст: “ Инсоне, ки аз бузургтарин арзиш барои ноил шудан ба мақсадҳои нопокаш истифода мекунад, вай ҳамоно ҷойгоҳаш партовгоҳест, ки худ арзиши инсониро надорад.” Аз ин гуфта чунин хулоса намудан мумкин аст, ки инсонҳои пулпараст ва иғвогару бешраф мисли Муҳаммадиқболи  Садриддин ҳаргиз ҳаққи инсон буданро надоранд ва ҷойгоҳашон низ ҳамон ахлотгоҳ аст. Зеро ин тоифаи бадкеш аз ислом ва дигар арзишҳо ба мақсадҳои нопок истифода намуда, дар миёни ҷомеа нақш мебозанд ва ба ҳамин восита мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд.

Хулоса, мо маводҳои ифротии пешниҳоднамудаи сомонаи “Ислоҳ нет” ва ҳамаи гуфтаҳои М.Садриддини бешарафро инкор ва шадидан маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои решакан намудани ғояҳои ифротгароии хоинони миллат камари ҳиммат бандем ва бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён, ба монанди М. Садриддин, М.Кабирӣ ва пайравонашон муборизаи беамон бояд бурд!

                                                          ВАЛИЕВ А.,

асистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *