Барои мазҳаби ҳанафӣ ҳизби наҳзати ислом лозим нест!!!

 

Ташкилоти  нахустини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал ба монанди созмони махфии «Бародарони мусулмон» ба таври пинҳонӣ амал мекард. 26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солҳои 1991 – 1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд. Масалан, пас аз шикасти ҷиддӣ хӯрдан дар Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод нерӯҳои мухолифин дар моҳи декабри соли 1992 – январи соли 1993 ба самти ноҳияҳои минтақаи Ғарм фирор намуданд.   Онҳо дар он ҷо ғояҳои худро тарғиб намуда, бо роҳи зӯроварӣ ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ намуданд. Солҳои 1992-1997 ТТЭ ҲНИ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 28 октябри соли 1999 бо мақсади ба амал омадани тафоҳуми амалӣ миёни нерӯҳои дорои мавқеи сиёсии динӣ ва дунявӣ дошта, бо мақсади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии байни тоҷикон, мутобиқи моддаи 28 – и Конститутсияи Тоҷикистон, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидоштаро рухсат медиҳад, нахустин ҳизби дорои хусусияти динӣ, яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро маротибаи дуюм ба таври расмӣ ба қайд гирифт.  Ҳақ ба ҷониби яке аз донишмандони мазҳаби  ҳанафӣ аст, ки зарурият надоштани ташкили чунин ҳизбро дар Тоҷикистон таъкид намуда, гуфта буд: «Барои мазҳаби Ҳанафӣ ҳизби наҳзати ислом лозим нест. Ҳизби мо Қуръони маҷид аст, ки аз тарафи худои яккаву ягона ба рӯи замин омадааст».

Хиёнати наҳзатиҳо дар таърихи 4-16 сентябри соли 2015 нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, ки бо дасти беруна омода гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд. Дар замони мо аз ҷумлаи инсонҳое, ки мақсади нопок доранду зидди халқу ватан шудаанд, созмондиҳандагон ва пешвоёни ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд, ки мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат, яъне мазҳаби ҳанафиро зери по карда ба мазҳаби шиа пайрав шуда бозичаи дасти хориҷиён шудаанд. Мавриди таъкид аст, ки мутобиқи моддаи 4 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ва амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ  менамоянд, манъ аст. Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти  ифротгароӣ (экстремистӣ), террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсоли чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ  карда шуд.

Алиҷонова Қурбонҷон

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *