Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба ҷашнҳои фархундаи миллӣ –  Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДИС ДДТТ мусобиқаҳои варзишӣ  байни устодон, кормандони раёсати донишкада ва факултетҳо аз рӯйи панҷ намуд: шашка, шоҳмот, нард, дартс, тенниси рӯи миз баргузор гардид.

Ҳадафи асосӣ  аз баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ  пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандон ва устодон, инчунин баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон мебошад.

Мусобиқаҳои варзишӣ  аз рӯи намуди футбол ва волейбол моҳи март  гузаронида мешаванд.

Дар назар аст, ки ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ муайян гардида, дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии ДИС ДДТТ сарфароз гардонида мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *