Баргузории ҷаласаи васеи Шӯрои олимон, устодон ва кормандон

Дар ДИС ДДТТ ҷаласаи васеи Шӯрои олимон, устодон ва кормандон оид ба ҷамъбасти фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли таҳсил баргузор гардид. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз гардид. Дар назди иштирокчиён муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Машокиров Ш.У., муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Г.У., муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Мирпочоев Д. А. ҳисобот дода, перомуни дастоварду комёбиҳо ва муаммою мушкилот дар раванди таълиму тарбия андешаронӣ намуданд. Директори донишкада оид ба ҳисоботи муовинон фикру мулоҳизаҳои худро баён дошта, барои ҳалли саривақтии муаммоҳи мавҷуда ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.
Дар поёни ҷаласа барои фаъолияти пурсамар ба сармутахассиси шуъбаи ҷараёни таълим Маҳмудов Равшан Бобоҷонович унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамчунин аз тарафи Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ба муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Ахмедов Каримҷон Акбарҷонович дипломи дараҷаи номзади илм тақдим гардид.
IMG_3705
IMG_3703
IMG_3704
IMG_3709
IMG_3712
IMG_3715
IMG_3720
IMG_3719
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *