Таърих гувоҳ аст, ки бо мақсади ба даст овардани Истиқлолият халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо чӣ қадар азму талошҳо намуда, барои расидан ба давлатдории худ, барои марзу бум ва фарҳангу адабиёти бойи худ ҷоннисориҳо намудааст. Ҳар як ватандӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таърихи ин Ватани ба ҷон баробарро донаду аз худ кунад, то ки ба қадри Истиқлолият расад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон беш аз пеш меафзояд.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро низ ба ташвиш овардааст, терроризм, экстримизм ва равияҳои ифротгароӣ мебошанд. Мутаассифона, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва ваҳдатгарои ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми муболиғони созмонҳои террористӣ афтода бо сипар кардани дини ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон, ки хилоф ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом аст, ифтихори ҷоҳилона карда, исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.
Асосгузори вулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – Терроризм ва экстримизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Қайд шуд, ки «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».
Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез барпо шудааст.
Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад.
Дар партави суханҳои Пешвои миллат ман мехоҳам аз номи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намоям, ки мо маҳз бо аҳлу тифоқӣ ва дастаҷамъӣ метавонем бар зидди ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ғалаба намоем. Агар мо ҷавонон дар назди худ мақсади мубориза бурдан бар терроризм ва экстремизм гузорем, ҳама дастаҷамъона барои иҷроиши мақсадҳои худ кӯшиш ба харҷ диҳем, бешак ба онҳо мерасем ва барои пойдории сулҳу субот дар кишвар ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро гузошта метавонем.
- Ман Ватани азизу маҳбубамро дӯст медорам , мехоҳам, ки дар он сулҳу осоиштагӣ абадӣ пойдор бошад.
- Амалҳои террористӣ ва ифротгароиро маҳкум менамоем, зеро онҳо сулҳу осоиштагиро зери хатар мегузоранд. Мо бояд сарҷамъона бар зидди тамоми хатарҳои экстремистии ифротгароӣ мубориза барем.
- Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бар зидди терроризму экстремизм ҳаматарафа дастгирӣ менамоем.
- Ваҳдати миллӣ сулҳу осоиштагиро дар ҳар як оилаи Тоҷикистони азизу маҳбубамон пойдор намуд. Туфайли он пешравии иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъмин шуд.
- Мо ҷавонон дар назди худ мақсад гузоштаем, ки бар зидди терроризм ва экстремизм дастаҷамъона мубориза барем ва барои расидан ба мақсади худ софдилона меҳнат намоем.
- Кӯшиш менамоем, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намоем.
Омузгори кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Ахмедов К.А.