БАР ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ МАНФӢ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА!

Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрӯзҳо дар арсаи байналмиллалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон ба озодии виҷдон,озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад. Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки айни замон ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила, амалҳои тундравониашонро амалӣ созанд. Яке чунин ҳизбҳо, бо номи ҲНИ буд ва ҳаст, алҳол бо номи Паймони миллӣ ва ё онро ҳамагон ТТЭ ҲНИ мешиносанд, баъд аз аёну исбот гардидани амалҳои номатлубаш бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи ифротиаш норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтан кӯшиш дорад. Умуман назҳатиён ҳамеша ба таърифу тавсиф ниёз дошт ва дорад, чунки аз он меҳаросад, ки симои зишташон пешорӯи мардум намоён гардид ва дигар имкони ба арсаи сиёсӣ по гузоштан ва қудратманд шуданро аз даст дод. Ин аст, ки ба таърифу тавсифҳои бебунёд, худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашида истодааст. Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти ТТЭ ҲНИ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурӯғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст. Вобаста ба ин масоил, бояд қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робитаи қавӣ қарор дорад ва дар натиҷа дар соли сипаригардида, дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ карада шуда, ду амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои доихилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Бинобар ин замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем. Танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, гирифта шавад!

.
УСТОБОЕВА Д.М.,
устоди кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *