БАР ЗИДДИ ГУРУҲҲОИ ИФРАТГАРО ВА ХУСУСИЯТИ ТЕРРОРИСТИДОШТА МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низоӣ мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафи худ ҷамъ намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд ба сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он давлат халал расонанд.

Имрӯз, ки мо дар асри нав, асри илму маърифат монанди сурати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишмандаш ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамаи қабатҳои замину осмонро, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд, хамаи ин дурӯғу, авомфиребӣ, финтнагариҳои ҲНИ-ро хуб дарк карда истодаанд, намегузоранд, ба давлати ҷавони сисолаи мо осебе расад.

Хушбахтона, пеши роҳи амалҳои ғайриинсонии ҲНИ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда истодааст. Ва бар зидди гуруҳҳои ифратгаро ва хусусияти террористидошта муборизаи беамон ба роҳ монда шудааст.

Мо, устодонро ҳолати имрӯза водор месозад, ки дар давраи ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии донишҷӯёну шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифродгароӣ корбарӣ намоем. Бигзор Тоҷикистони азизамон гул-гул шукуфад, осмонаш ҳамеша беғубор бошад!

МАМАДҶОНОВ Ф.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *