БАЙНАЛМИЛАЛИГАРДОНИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҳамқадами замон буда, барои рушди таҳсилоти олӣ ва ба стандарти байналмилалӣ мутобиқ гардонидан пайваста тадбирҳои назаррас меандешад.


Самараи кӯшишу тадбирҳои ҳамешагии ҷомеаи меҳнатии донишкада боис гардид, ки муассиса якчанд ихтисосҳои худро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, дар ин раванд ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардад. Донишкада бо мақсади баланд бардоштан ва ба стандарти байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонидани таълим бо якчанд лоиҳаҳои байналхалқӣ ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои грантии Барномаи грантҳои озмунӣ дар доираи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ бо дастрасии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилот ва мутобиқати он ба талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ, инчунин дастгирии донишҷӯдухтарон Сертификат тақдим карда шуд. Тақдими сертификати мазкур ба донишкада боиси ифтихори ҷомеаи меҳнатии муассиса буда, моро водор менамояд, ки ҷиҳати рушди таҳсилоти олӣ ва ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонидани сатҳу сифати таълим пайваста кӯшишу ғайрат намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *