БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ СИФАТҲОИ АҲРИМАНИРО СОҲИБ ШУДААНД!

Мо тариқи шабакаҳои ичтимоӣ огоҳ ҳастем яке аз шабакаҳо бо номи “Ислоҳ нет” аст, ки асосан хоинону душманони миллат танҳо ба хотири дарҷ намудани мақсадҳои нопок ва хабарҳои бардурӯғу ивғоангезонаи созмони “Паймони миллӣ” амал мекунад. Яъне имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, ки номи ҳизбро тағйир дода, худро соҳибдори Паймони миллӣ ва собиқ ҳизби мамнӯъи наҳзати ислом(ҲНИ) метарошаду ҷонибдорони ангуштшуморашро намояндагӣ дорад.
Бо бозиҳои сиёсии навбатиаш гӯё чеҳраи нав асту гуноҳе надорад! Вале мо чӣ мақсад доштани ин хоинони миллат- Кабирию Муҳаммадиқболро медонем. Ин касон ботинан виҷдону имон ба шайтон фурӯхтанду бешармӣ, беҳаёӣ, муғризӣ ва дигар сифатҳои аҳриманиро соҳиб шуданд ва дигар шуғле надоранду танҳо байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст.
Мо дар андешаҳои қаблиамон қайд карда будем ва ёдовар шудан бамаврид аст, ки имрӯз зархаридону хоинон ободии кишвари азизи моро намехоҳанд. Аз хориҷи кишвар вазъияти ҳақиқии Тоҷикистонро дарк накарда, дар расонаҳои хабарӣ туҳмату буҳтон бофта истодаанд.
Ба бадҳоҳони миллат таъкидан бори дигар хотиррасон менамоем, ки дар асл шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хоса пайдо мекунад, Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш амалҳои номатлубро раво мебинад фардо дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Хулоса баромадҳои ифротии Кабирию Муҳамадиқболро инкору маҳкум намуда, аз кули шаҳрвандони кишвар, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки барои решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат, ки сифатҳои аҳриманиро соҳиб шудаанд, муборизаи беамон бояд бурд! Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

Х.УМУРОВ,
ассисенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *