БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ НАБОЯД АЗ МИНБАРҲО САДО БАЛАНД КУНАНД!

 

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо ба як давлати комилҳуқуқи башарӣ табдил ёфтаасст ва вобаста аз он, иқтисодиёти мамлакат пеш рафта, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва доду гирифти молу маҳсулот торафт зиёд гашта истодааст. Ҳамаи ин тараққиёт бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагӣ ягона ва дунявӣ будани Тоҷикистони азиз мебошад, ки имсол мо 30-умин солгарди онро бо шукуҳу шаҳомати хоса сазовор пешвоз хоҳем гирифт. Вале душманони миллат, аз ҷумла Кабирию Муҳаммадиқболи бешараф дастоварду пешравиҳои кишварамонро нодида гирифта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суханҳои беасоси иғвогаронаи худро нисбати давлату ҳукумат баён карда, бо ин васила  мехоҳанд, боз ба оромиву суботи кишварамон халал ворид созанд. Онҳо намехоҳанд, ки дар кишвар оромӣ ва осудагӣ бошад.

ТТЭ ҲНИ имрӯз пӯсташро иваз карда, бе ягон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда “Паймони милли…” ва дигаре “Пайванд” ном гузоштаааст. Мо дар созмони мазкур калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем. Хонандаи закӣ инро дуруст дарк мекунад. Зеро барои мо обрӯи нуфузи Тоҷикистон дар арсаи баналмилалӣ волотар аст. Таъкидан ба хоинони миллат гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиашон номи Тоҷикистонро ба забон наоранд! Наҳзатиён набояд аз минбарҳо садо баланд кунанд.Чунки онҳо ватанфурӯш ва бадхоҳони миллат ҳастанд, ки ба ин таърих гувоҳ аст. Бинобар ин нагузорем, ки бадхоҳони миллат – М.Кабирӣ, М.Садриддини бешараф ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.

Бо баробари ин бояд қайд кард, ки мутаассифона имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Вобаста ба ин ҳолат, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем. Дар дарсҳои тарбиявӣ донишҷуёнро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дошта, онҳоро дар руҳияи ҳувияти миллӣ, хештаншиносию худогоҳии миллӣ таълиму тарбия намуданамон лозим аст.

                                                                  МУЛОИҶОНОВ Н.И.,

                                                                  ассистенти кафедраи

молшиносӣ ва фаъолияти  гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *