БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ФИТНАВУ ФАСОДРО ПЕША КАРДААНД!

         Мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол борҳо зимни андешаҳои хеш  вобаста ба баромадҳои бадхони миллат, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ва дигаре бо номи Ҳусейн Ашуров, узви фаъоли “Гурӯҳи 24” мебошад, андешаҳои  хешро баён намуда, онро шадидан маҳкум карда будем. Имруз низ вобаста ба баромади М.Садриддин, санаи 8 январ ва Ҳ.Ашуров, санаи 10 январи соли ҷорӣ дар барномаҳои зикршуда баромади ифротӣ намуданд, ибрози ақида менамоем. Бадхоҳони миллат дар  худнамоишии навбатиашон боз худро “донову сиёсатмадор”, нишон дода, суханҳои бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён доштанд. Бадхоҳони зикршуда асосан дар ҳамкорӣ бо блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори роҳбарияти давлату Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мамлакати пешрафта, ки бо кишвари мо робитаи дӯстӣ дорад, паст мезананд. Хулоса, дар ҳамаи баромадҳо, наворҳои дурӯғине, ки М.Садриддин ва Ҳ.Ашуров омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо фитнаву фасодро пеша кардаанд.

                   Хулоса, имрӯз мо ҷавонони ватандӯст вобаста ба баромадҳои бадҳоҳу хоинони миллат баҳои дурусти худро медиҳем ва онро махкум менамоем! Мо минбаъд низ ҳушёрии сиёсии хешро аз даст надода, намегузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва баёнияи тазоҳургарона дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намуда, вазъияти кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созанд. Мо ҷавонон аз соҳибистиқлолии кишвари хеш сарбаланду шукргузорем ва хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад  ба ин тамоюлҳо мо баҳои дурусти худро медиҳем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ  баҳоигузории худро доранд. Воқеан, таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

          Дар интиҳои андешаҳои хеш ба бадхоҳони миллат хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рўҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *