БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА ҶУЗ АЗ ИҒВОГАРӢ КОРИ ДИГАР НАДОРАНД!

Доир ба рӯйдодҳои охири Бадахшон сухан ронда, ҳамзамон бояд қайд кард, ки роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар қаламравӣ ВМКБ қарор дошта, бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ, бо як баҳонаи ночизе, туҳмату ғайбат намуда, гирдиҳамоӣ ташкил менамуданд. Имруз бошад бо роҳу усули дигарро пеша намуда, амалҳои муғризонаашоро амалӣ менамоянд. Масалан, санаи 17 майи соли равон аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, ки вазъи иҷтимоӣ-сиёсии кишвар, алалхусус вилояти Бадахшонро ноором гардонанд. Ин афрод ҳамон душманоне ҳастанд, ки бо пуштибонӣ ва дастгирии бевосита ва амали намудани супориши хоҷагони хориҷӣ ба ҷуз аз иғвогарӣ, бероҳа кардани ҷавонон, касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст. Имрӯз шаъну шарафи дар арсаи байналхалқӣ ба даст овардаи мамлакатро бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон паст мезананд.Ба бадхоҳони миллат таъкидан хотиррасон менамоем,ки Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулгардидаи маҳбуби мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд. Баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки мардуми Бадахшон мардуми ватандӯсту меҳнатдӯстанд. Саҳми сокинони Боми ҷаҳон-ВМКБ дар ором нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватанамон назаррас мебошад. Пас, биёед барои пойдор мондани сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ сарҷамъ бошем ва соли ҷорӣ ба хотири истиқболи арзандаи таҷлили 25-умин солагарди Ваҳдати миллӣ содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба натиҷаҳои назаррас мушарраф хоҳем гашт.

А.ВАЛИЕВ, ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *