Мусаллам аст, ки имрузҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон вобаста ба дар ҷомеи ҷаҳонӣ ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро, ки боиси мушкилотҳои зиёд гардидааст, андешаи хешро баён менамоянд. Вобаста ба ин масоил ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати монеъ шудан ба фаъолиятҳои ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳкунанда аксарияти давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарўза талош варзида истодаанд.

Камина низ худро бетараф нагузошта, оид ба фаъолияти имрузаи яке аз тудаи иғвогари наҳзатӣ андешаи хешро иброз медорем. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки роҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳу восита, мехоҳанд, субботу оромӣ ва низоми ҷомеаи моро аз байн баранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки раҳбарияту ҳамммаслакон ва думравони ҲНИ ва пинҳонкориҳои аъзоёну таблиғгару сияҳкори он номи ҳизбро имруз “Паймони миллӣ” ном гузошта, нисбати миллату давлат тухми кинаву адоват кошта истодааст. Масалан, дар давоми моҳи сентябри соли равон Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби мамнуъшудаи наҳзати Исломӣ ва думраваш Салим Султонзода дар иғвоангезии навбатиашон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву найранбозӣ ва иғвоангезӣ машғуланду дигар шуғле надоранд.

Ин навбат низ дастоварҳои кишвари соҳибистиқлоламонро чун баромадҳои қаблиашон нодида гирифта, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба худ ҷалб карда, ба мақсади нопоки худ бирасанд. Пӯшида нест, ки ҳатто давлатҳои пешрафта ҳам камбудӣ доранд. Вале, бо танҳо камбудиро дар хориҷ гуфтан, одамонро ба гирдиҳамоӣ даъват намудан ва байни мардум иғво ангезондан камбудиҳо ҳал намегарданд. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони мо, ки дар хориҷ ҳастанд ва аз вазъи кунунии Тоҷикистон ба дараҷаи кофӣ хабардор нестанд, ба суханҳои ифротии ин иғвогарон бовар намуданашон аз эҳтимол дур нест. Таърих гувоҳ аст, ки садҳо нафрон, барои бовар намуданашон ба Кабирӣ ба роҳи ҷиноят рафтанашон пушаймон гаштаанд. Бинобар ин, ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад.
Мо устодон ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинони миллат дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.
А.ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ