Холиқова Наргиса Абдуллоевна,
ассистенти кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ
Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон солҳои 1990-ум дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис дода шуда, мақсади ин ҳизб таъсис додани давлати исломӣ дар ҷомеа буд. Ҳизби наҳзати ислом дар солҳои 1192-1997 дар Тоҷикистон вазъи сиёсии мамлакатро ноором кард. Бо мақсадҳои ғаразноки худ, ки ин барпо кардани ҷомеаи соф исломӣ буд аз тамоми имкониятхои вуқўъ омада истифода намуда, солҳои 1992 гирдиҳамоиҳо ташкил намуда хостанд давлати ҷавони демократӣ дунявиро пароканда намояд, бо ин мақсад аз моҳи март то майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Саркардагон ва роҳбарони ин ҳизб дар куштор ва азият додани мардуми Тоҷикистон даст заданд. Гирдиҳамоӣ ва кушторҳо дар солҳои 90-ум аз ҷанҷолҳо барои ба даст овардани ҳокимияти демократӣ буд. Имрўз гузашти вақт нишон дод, ки ҳамаи онҳо зархаридони кишварҳои дигари хориҷӣ буданд, ки аз ин давлатҳо пуштибонӣ доштанд. Онҳо ҳатто дар замони Ҳокимияти шўравӣ ба таври пинҳонӣ, махфиёна ҳизби худро таъсис дода ба вайрон кардани мафкураи мардуми гумроҳ оғоз карда буданд. Гирдиҳамоӣ ва кушторҳо дар солҳои 90-ум аввал аз ҳамин оғоз ёфт. Дар мамлакати ҷавони демократӣ, ки бунёди худро ба суйи ҷамъияти озоду башардўстона сар карда буд, зарба зада исломиён дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро сар карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг ҳазорҳо одамон кушта шуда, миллионҳо одамон гуреза шуданд. Ин ҳамаро кори дасти ҲНИТ сарпарастон мешуморем. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бештар аз 5 сол идома ёфта, вазъи сиёсӣ, иҷтимоии мамлакатро хароб кард. Ҳамон шабу рўзҳо шояд аз суст будани шууру ҷаҳонбинии баъзе сокинони мамлакат буданд, ки якчанд нафар бо ном “мулло” мардумро саргаранг карданд, ки гўё Давлати Исломӣ месозем. Имрўз ҷангҳои ғасбкоронаю ваҳшиёнае, ки дар давлатҳои Сурияву Ироқ ба вуқўъ омад, маҳз аз ҳамин наҳзатиҳои мо омўхта боиси кушта шудани садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардид. Солҳои 1992 исломиён дар мамлакат гирдиҳамоӣ карда, мардуми гумроҳро фиреб дода барои амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразнокашон истифода бурданд. Дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асари ҷанги шаҳрвандӣ аз нооромӣ нотиҷӣ мардуми касофатзада ба он сўи дарёи Ому Афғонистони ҳамсоя иҷборан кўч бастанд. Дар мамлакати ҳамсоя ҳазорҳо одамон лагери гурезагонро таъсис дода дар зери тарсу ваҳм ҳаёт ба сар бурда, ҳар рўз даҳҳо кўдакон ба ҳалокат мерасиданд. Вазъи кунунии Тоҷикистон торафт муташанниҷ мешуд. Дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуда, тораф душвор мегардид, ки гузаронидани ҳатто як ҷамъомад, маҷлису машварат душвор мегардид. Бинобар ин дар мамлакат парламенти корӣ, ки аз вакилони мардумӣ иборат буд, наметавонист сессияи худро гузаронида ба нобасомониҳо хотима гузорад. Дар мамалакат бесару сомониҳо торафт ба авҷи аъло мерасид. Қарор дода шуд, ки аз сабаби ноором будани вазъи сиёсии ш. Душанбе иҷлосияи 16-уми Шўрои олӣ дар қасри “Арбоб”-и ноҳияи Хуҷанди онвақта вилояти Ленинобод барпо гардад. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ҳамҷун сарвари давлат интихоб шуд. Бо талошу кўшишҳои зиёди Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 1997 ба ҷанги шаҳрвандӣ- сарчашмаи бесару сомониҳо хотима бахшида Рўзи ваҳдат эълон гардид. Имрўз ягон ҷои шубҳа нест, ки асоси даргириҳои ҷанг дар Тоҷикистон ин ҲНИТ буд, ки солҳои охир ниқоби худро кашида рўи аслии худро нишон дод. Мо ҷавонон ақидаҳои иртиҷопараст ва ғаразноки ташкилоти террористӣ-экстримистии ҲНИТ, роҳбари он Муҳиддин Кабирию дигар пайравонашонро қатъиян маҳкум менамоем. Имрўзҳо пайравон ва аъзои ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, ки дар давлатҳои хориҷа қарор доранд, бо ҳар роҳ ва тарз мехоҳанд вазъияти ороми кишвари азизамонро халалдор намуда, бо роҳи барангехтани кинаву адоват байни мардуми миллати тоҷик низоъҳоро ба миён оранд.
Мо ҷавонон сарҷамъ омада муқобили кирдорҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравони ў ҳастем ва бар зидди ғояҳои ифротгароёнаи ҲНИТ муборизаи беамон бурда, дар ҳимояи сохти Конститутсионии кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем ва ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар сиёсати сулҳовару инсондўстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар муттаҳид гардида, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.