БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

Имрӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун андешаҳои худро баён менамоянд. Мо низ худро бетараф нагузошта, ин навбат низ оид ба фаъолияти раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва пинҳонкориҳои аъзоёну таблиғгару сияҳкори он, ки имруз номи ҳизбро “Паймони милли…” ном гузошта, нисбат ба миллату давлат тухми кинаву адоват кошта истодааст, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки соли сипаригардидв ва аз оғози соли 2024 роҳбарияту аъзоён ва пайравони “Паймони милли…”, бахусус ҳаммаслаки бешрафаш Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи сомонаи “Ислоҳ.нет”(Ислоҳ ТВ), барномаи “Минбари муҳоҷир” ва думравони чоплусаш Абдухалил Восеев дар барномаи “Дурахши ҳақ” ва Ашуров Ҳусейн, “Ҳақ ва ботил”бо навбат баромадҳои ифротӣ намуда, бо ин васила мехоҳанд, субботу оромӣ ва низоми ҷомеаи моро аз байн баранд. Ин гурӯҳаки бадхоҳи ифротӣ аз дастовардҳои беназир ва сулҳу суботи кишвар ба таҳлука афтода, дар аксарияти баромадҳояшон дастоварҳои кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба худ ҷалб карда, ба мақсади нопоки худ бирасанд. Иғвогарии ин тудаи ифротгар, ки роҳбаорашон Кабирӣ аст , ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст, ба ин нешзаниҳои душманони миллати тоҷик хадамотҳои махсус ва хоҷагони хориҷӣ  ёрии беминнати худро расонида, кушиш бар онанд, наҳзатиҳоро тариқи созмонҳои хориҷӣ  “мусичаи бегуноҳ” нишон диҳанд. Имруз наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Бояд ёдовар шуд, ки бо чунин гуфтору рафтор ду даҳсола пеш боиси шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. То ҳол, ин тудаи бадхоҳони миллат, хулосаи зарурӣ набароварда, боз бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд. Донистан намехоҳанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад.
Дар интиҳои андешаи хеш аз ҳар фарди боороу номуси кишвар даъват ба амал меорем, ҳама якҷоя нагузорем, ки минбаъд раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…” дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаву найранги навбатиаш нисбати кишвари соҳибистиќлоламон садо баланд намоянд.

А. ВАЛИЕВ, ассистенти кафедраи
иќтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *