БАДХОҲОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хатару чолишҳои замони муосир ба давлатҳои миллӣ бештар ва шиддатнок таҳдид намуда, боиси халалдор гардидани вазъи сарҳади давлатӣ мегардад. Дар натиҷаи фаъолгардии ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ, зиёдгардии руҳияи ҷудоихоҳӣ, низоъҳои мусаллаҳона, афзудани мудохила ба корҳои дохилии дигар давлатҳо раванди “шусташавии мустақилияти давлат” ба вуҷуд меояд. Дар робита ба ин, мо Афғонистонро мисол меорем, ки беш аз чил сол вазъият дар Афғонистон ноором буда, ҷомеаи ҷаҳон аз ҳал нагардидани ин мушкилот нигарон ҳаст. Ҳарчанд роҳҳои ҳалли вазъи Афғонистон борҳо аз ҷониби созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои алоҳида баррасӣ гардида бошад ҳам, вале таҳлилҳо собит менамояд, ки масъалаи мазкур натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Имрўз масъалаи ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон кардааст.
Бояд қайд кард, ки яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ҷанги дохилии Афғонистон дастгирӣ ёфтани гурўҳҳои террористии ин кишвар аз ҷониби қувваҳои берунаи низомӣ маҳсуб меёбад, пас аз ҷониби дигар роҳи бевоситаи таъминкунандаи ҷангиён бо силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ мебошад. Алҳол дар ин кишвари ҳамсоя як қатор ташкилотҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла ДИИШ, Ал-Қоида, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” фаъолияти ошкору пинҳониро ба роҳ мондаанд. Дар иртибот ба ин, мо борҳо дар мақолаву изҳоротҳои хеш нисбат ба амалҳои номатлуби бадхоҳон, ба мисоли роҳбарии ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонаш андешаамонро иброз дошта будем. Ин навбат нисбат ба ташкилоти террористӣ бо номи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” бо ТТЭ ҲНИ ва бахусус бо “Ал-Қоида” ҳамкориҳои бисёр наздик дорад. Гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” солҳост дар Афғонистон фаъолият дорад. Имрӯзҳо ин гурӯҳи бадхоҳ кӯшиш дорад, ки дар қаламрави кишварамон амалиётҳои террористӣ анҷом диҳад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, мисол меорем, ки 26 апрели соли 2023 ду нафар аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” барои анҷом додани амалҳои террористӣ марзи Афғонистону Тоҷикистонро дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ убур карда, мақсади нопокашонро амалӣ кардан кӯшиш карданд. Хушбахтона, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар (КДАМ) террористон безарар карда шудаанд. Мисоли дигар меорем, ки шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ се нафар аъзои террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аз хоки Афғонистон ба сарҳади Тоҷикистон гузашта, мехостанд дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди кишварамон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Ин навбат низ аз тарафи КДАМ террористон безарар гардонида шуданд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки дар ҷойи ҳодиса ва пинҳонгоҳи махфӣ силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла таҷҳизоти идоракунии фосилавии маводи тарканда, микросхемаҳо барои идоракунии маводи тарканда дарёфт ва мусодира карда шуданд. Инчунин, дафтарҳои аъзои гурӯҳи террористӣ бо харита, нишонаҳо, руйнависҳои тарзи омода кардани маводи тарканда, шаклҳои ҷойгир кардани онҳо дар шароити хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои давлатӣ, макони серодам ва ғайра дарёфт шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи таҳқиқ озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда, шахсияти террористон муайян гардид, ки ҳар се аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд. Яке бо лақаби “Усмон” зодаи ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара, Зариф Бобоҷонов, раҳбари ин гурӯҳ. Дигаре Фарҳод Баҳодуров, зодаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод, лақабаш “Абу Мусъаб” ва Аҳтам Қосимов, зодаи шаҳри Кӯлоб лақабаш “Убайда” мебошанд. Аз амалҳои навбатии бадхоҳони миллат ҳулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки маҳс теъдоди чунин ашхос мавқеи худро дар ҷамъият пайдо накарда, аз рўи бефарҳангӣ, бемаърифатӣ ва назари тангбинонаашон ба гурӯҳҳои тундгаро ва экстримистӣ шомил гардида, ба номи волидайн ва миллати тамаддунофар ва созанда доғ меоранд. Умуман ин бадхоҳони миллат, шахсияти раҳгумзада, бедониш, бефарҳангу бесавод, бедину мазҳаб, беимон ва беватан мебошанд. Хулоса, мо амалҳои бадхоҳони миллат – террористонро шадидан мақкум менамоем ва гуфтанием, ки амалиётҳои террористии зикршуда, аз ҷониби шахсони алоҳида, манфиатҷӯ, хадамоти махсуси мақсаднок таҳрезӣ шуда, барои ба амал овардани вазъияти ноором, даҳшатзо, тарсу бим ва хатар дар ҷомеа сафарбар шудаанд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад. Хатару чолишҳои замони муосир ба давлатҳои миллӣ бештар ва шиддатнок таҳдид намуда, боиси халалдор гардидани вазъи сарҳади давлатӣ мегардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

А. ҚАЮМОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *