Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ибтидои асри XXI ифротгароӣ ва терроризм ба яке аз ҷиддитарин зуҳуроти таҳдидовар ва хатарноки ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, имрўз тадбирҳои муҳими ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ифротӣ ва пешгирии густариши фаъолияти онҳо равона гардидаанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Бахусус, ноамнӣ ва бесуботии дар Афғонистон боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаи кишвари ҳамсоя-Афғонистон ба таври ҷиддӣ муносибат мекард, зеро масъалаи Афғонистон аз нигоҳи Тоҷикистон душвортарин масъалаи асри XXI мебошад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон махсусан дар посух ба саволи хабарнигори радиои СММ, ки “дар арафаи асри ХХI ва ҳазорсолаи сеюм кадом масъалаҳоро ҳалгардида шуморидан мумкин аст ва кадом масъалаҳо ҳамроҳи инсоният ба асри оянда мегузаранд”, таъкид намудаанд: “Ба ақидаи ман, проблемаҳои Афғонистон яке аз масъалаҳои душвортарини охири асри ХХ ва арафаи асри ХХI мебошад”. Чунин ақидаи Президенти кишвар беасос нест, таърих гувоҳ аст, ки Афғонистон аз давраи ташкил ёфтани давлаташ дар соли 1747 то ба имрўз қариб, ки оромӣ вуҷуд надошт, ба истиснои давраи ҳукмронии Муҳаммад Зоҳиршоҳ.
Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ҷанги дохилии Афғонистон дастгирӣ ёфтани гурўҳҳои террористии ин кишвар аз ҷониби қувваҳои берунаи низомӣ маҳсуб ёбад, пас аз ҷониби дигар роҳи бевоситаи таъминкунандаи ҷангиён бо аслиҳа, ин фурўши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои террористӣ, равияҳои ифротӣ, аз қабили ДИИШ, Ал-Қоида, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” алҳол аз вазъияти кунунии Афғонистон истифорда бурда, фаъолияти ошкоро доранд, онҳо нафақат афзои ин кишварро мураккабтар намудаанд, инчунин нисбат ба давлатҳои ҳамсард, мақсади нопокашонро мехоҳанд амалӣ созанд. Вобаста ба яке аз ин ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансуруллоҳ”-ро ба мисол меорем, ки ташкилоти мазкур солҳост дар Афғонистон зери назари ҳаракати “Толибон” фаъолият дорад. Ҳаракати “Толибон”, ки моҳи августи соли 2021 назорати Афғонистонро ба даст гирифтанд, идораи бархе аз қитъаҳои марз бо Тоҷикистонро ба дасти ин ташкилот супурда буданд. Ин ташкилот, воқеан, аз қабили ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо чун ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Дар иртибот ба ин, мисол меорем: тибқи гузориш ва наворҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, ки тавассвути телевизиони ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ намоиш дода шуд ва ҳамагон бохабаранд, ки аъзоёни созмони террористи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” қаблан, аз ҳудуди Афғонистон миқдори ҳаҷман калони аслиҳа дар пинҳонгоҳ ҷой карда, шаби 29 ба 30-уми августи соли ҷорӣ вориди ҳудуди Тоҷикистон шудаанд ва дар арафаи таҷлили рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон содир намудани амали террористӣ кушиш намуданд. Оқибат, ин гуруҳи бадхоҳи миллат безарар гардонида шуданд. Бояд таъкид кард, ки бадхоҳон ҳеҷ вақт ба мақсад нахоҳанд расид!
Дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем,ки кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст. Ҳадафи андешаронии мо дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Д. ҶОННАЗАРОВА ,
устоди ДИС ДДТТ