Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад…

Дар замони муосир бешубҳа, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, иқтидори мудофиавӣ ва таъмини амнияту рушди иқтисодии он нақши ҳалкунанда мебозад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии ҳуқуқӣ ва қонунии аз ҷониби халқ эътирофшуда ба ҳисоб меравад. Касе, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва меъёрҳои онро рад мекунад ва ё хилофи он амал мекунад, ба ҷазои сангини қонун ва нафрати халқ гирифтор аст.

Мутаасифона бархе аз гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда ба ин масъала сарфи назар карда, сиёсати давлат ва иродаи халқро нодида мегиранд. Мусаллам аст, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав байни нерӯҳои мухолифини тоҷик бо сардории Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳукумати қонунии мамлакат бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Шурӯъ аз ин давра дар мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомониҳо пурра хотима дода, ба давраи Эҳё ва Ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Яке аз шартҳои муҳими ин Созишнома риояи қонун, эҳтроми тарафайн ва мусолиҳа барои  ҳалли масоили баҳсбарангез буд, ки мутаасифона солҳои ахир он аз ҷониби бархе аз бадхоҳони миллат, (аз ҷумла, раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом) риоя нагардид. Маҳз шикасти аҳду паймон буд, ки фаъолияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом мамнӯъ гардид. Исботи он далел, ки дар ҳодисоти моҳи сентябри соли 2015 дар дараи Ромит ба вуқӯъ пайваста намояндагии раёсати ҳизби мазкур даст доштанд, ва ҳамчунин баромаду иғвоангезиҳои ҳаммаслакони эшон монанди “Гурӯҳи 24” , “Салафия”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ДИИШ, “Ваҳҳобия” ва ғайраҳо шуда метавонад.

Пас маълум мешавад, ки онон бадхоҳи миллатанд. Оромиро намехоҳанд ва парвои амнияти мамлакатро надоранд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки савлату роҳати ҳар кас дар ватани ӯст. Маҳз давлате, ки шахс онҷо зиндагӣ дораду онро Модар-Ватани хеш дониста тайёр аст ҷонашро баҳри он фидо кунад, пуштибон ва саробони ӯст.

Чун бо роҳи мусолиҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз сабаби он ки аксарияти мардум ҷонибдори сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат ҳастанд, мухолифин натавонистанд, ки ба мақсади хеш бирасанд, роҳҳои дигари иғвогарӣ, ёрӣ кардан ба гурӯҳҳои ифротӣ (салафия, ҷамоати «Ансоруллоҳ» ва ғ.) ва ҳатто ташкили террорҳоро ба роҳ монданд. Ин муносибат нисбати халқу ватан ва миллати хеш оё бахшиданӣ аст? Онҳо дар мамолики Ғарб паноҳ бурда, имрӯзҳо боз ба ҳамон аъмоли ношоиста ва бадандешии хеш даст мезананд. Мехоҳанд ба ҳар роҳу восита Тоҷикистонро ба чашми мардуми олам бад нишон диҳанд. Танқиди Сарвари давлат, таҳқири шахсияти Пешвои миллат-ин ҳама маънои хиёнат ба халқу миллатро дорад!

Имрӯзҳо пайваста ниҳодҳои мухолифи Тоҷикистон тариқи расонаҳои иттилоотӣ бар он даъвоянд, ки дар Тоҷикистон принсипҳои адолат ва риояи ҳуқуқи инсон риоя намешаванд. Агар чунин мебуд, дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан, озодона фаъолият бурдан, кор кардан ва ба ҳамин монанд фаъолиятҳо аз имкон берун мешуд. Аммо ин тавр нест-ку? Ҳама оромона дар фазои якдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум ба сар мебаранд. Инро бо чашми сар дидан ва бо ақл санҷиндан кори душвор нест, вале ба назар чунин мерасад, ки аъзоёни ин ниҳодҳои мухолиф шояд аз ҳамин гуна имкониятҳои бархӯрдоршавии инсонӣ маҳрум ҳастанд.

Хулоса ин ниҳодҳои мухолиф таҳдидангезтарин барои миллати мо боқӣ мемонад. Мутаасифона бо дастгирӣ ва паноҳандагии бархе аз мамолики Аврупоӣ онҳо оҳиста-оҳиста қувват мегиранд, нақшаҳои нафратангез роҳандозӣ менамоянд ва билохира боз мехоҳанд теша бар решаи давлату миллати тоҷик зананд. Аммо ҳаргиз набояд ба ин роҳ дод. Беҳтарин васила ва роҳи мубориза бо эшон маҳву лағви андеша ва ақоиди нодурусти онҳост.

Пас ҳақиқати мушаххас нисбати мухолифини ифротии тоҷик маҳз ҳамон буда метавонад, ки эшон дар ҳақиқат бадхоҳи мо ҳастанду бас!

Каёнуш Калонов,
омӯзгори ДИС ДДТТ

3 Комментариев для “Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад…”

  1. Имрӯзҳо пайваста ниҳодҳои мухолифи Тоҷикистон тариқи расонаҳои иттилоотӣ бар он даъвоянд, ки дар Тоҷикистон принсипҳои адолат ва риояи ҳуқуқи инсон риоя намешаванд. Агар чунин мебуд, дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан, озодона фаъолият бурдан, кор кардан ва ба ҳамин монанд фаъолиятҳо аз имкон берун мешуд. Аммо ин тавр нест-ку? Ҳама оромона дар фазои якдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум ба сар мебаранд. Инро бо чашми сар дидан ва бо ақл санҷиндан кори душвор нест, вале ба назар чунин мерасад, ки аъзоёни ин ниҳодҳои мухолиф шояд аз ҳамин гуна имкониятҳои бархӯрдоршавии инсонӣ маҳрум ҳастанд.

  2. Бадхохи касон хеч ба максад нарасад,
    Як бад накунад то ба худаш сад нарасад.
    Ман неки ту хохаму ту хохи бади ман,
    Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

Leave a Reply to Мубориз Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *