БАДХОҲИ КАСОН ҲАРГИЗ БА МАҚСАД НАРАСАД!

Таърих гувоҳ аст, ки мо тоҷикон сокинони муқимии қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравему ба ин сарзамини аҷдодии хеш чун баъзе аз халқияту миллатҳои дигар аз кишвари Олтойи Федератсияи Руссия наомадаем.
То имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи бофарҳангу меҳнатдӯст ва меҳмоннавози он бо ягон ҳамсояи хеш бо назари бадъбини чораҷӯие накардааст. Вале тааҷубовар он аст, ки яке аз ҳамсоядавлати мо ба монанди Ҷумҳурии Қирғизистон бори чандум аст, ки ҳаёти осоиштаи сокинони ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуровро халалдор сохта, ба рехтани хуни сокинони ин минтақаҳо сабабгор шудаистодаанд. Ёдовар мешавем, ки 28 апрели 2021 барои онҳо бояд дарси ибрат мешуду дигар ба низо ва иғвогарӣ даст намезаданд. Вале сад афсус, ки кӯтоҳандешию чашмтангӣ ва чашмгуруснагии бархе аз садрнишинони ин кишвар боиси боз як низои нав ва рехта шудани хуни бегуноҳон гашт.
Мутаассифонасана, боз, 27.01.2022, соати 1720- и вақти маҳаллӣ гуруҳи 50 нафараи одамсурату вале Аҳримансирати Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҳисоби сокинони наздисарҳадии деҳаи Оқсойи вилояти Боткен, дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷа-Аъло то маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Исфара автомашинаи “Портер” –и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҷбуран ва ғайриқонунӣ боздошт карда, таҳдид намуданд. Барои ҳалли ин воқеа, вохӯрӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳозир нашуда, баръакс соати 1810 оташфишониро ба сӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардаанд, ки боиси марги ду сокини осоиштаи ноҳияи Исфара гашта, чандин нафарон захми гаштанд.Чун ҳодисаҳои қаблї боз сарҳадбонон ва аҳолии наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистонро иғвогарӣ намуд, тухми кинаву адоват кошта истодаанд, ки туҳмату ѓайбати навбатї аст. Баробари ин ҳавопаймоҳои бе садрнишинашон бошад сарҳади ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, парвозҳо доранд.
Дар интиҳои андешаи хеш мо омӯзгорони ДИС ДДТТ баъди муҳокимаи ин амали саркардагони инсонбадбинонаи ҳамсоякишварро маҳкум намуда, гуфтанием, ки “Бадхоҳи касон ҳаргиз ба мақсад нарасанд”.
Вақт довар аст, рӯзе мерасад, ки ин афрод бо иғвогириҳояшон боиси пушаймонии худашон хоҳад гашт!

БОБОЕВ А.,
омӯзгори кафедраи
ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *