Бадгуфторӣ  то ба кай

Чун  дар замони  пурҳаводис ,бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо  сиёсати геопалитикии   давлатҳои  абарқудрат  мардуми  шарифи Тоҷикистон  дар  ҳамбастагӣ, ҳадафҳои неки созанда  бо Пешвои муаззами  миллат  ояндаи  худро бунёд мекунад, бадгуфтору  нохалафони  аъзои  созмони террористию  экстремистии ҳизби наҳзати ислом  ҳоло ҳам  санги  маломат  ба  давлату  миллат  мезананд ва аз  нақшаву ниятҳои  бади худ  даст  намекашанд. Хуб   дар ёд  дорем, ки ин зархаридони  ватанфурӯш  ҳанӯз  аввали  солҳои  истиқлолият  барои  парокандагии  давлату  миллати  тоҷик  бо  ҳар роҳу  восита, истифода  бо  ниқобҳои  диннӣ  ба  сари  мардуми  тоҷик  чӣ кадар  бадбахтиҳо  оварда  буданд. Хеле  ба  маврид  аст, ки  дар  шабакаҳои  телевизионӣ  барномаи  “ Хиёнат ” ки  аз  воқеъияти  амалҳои  ин  ҳизби  ифротӣ  рӯйи  кор омадааст  манзури  ҳамагон  гардонида  шуд  аз  тамошои  ин  барнома нафрати  ҳар  шахси  ватандӯсту худогоҳ   нисбат  ба ин  тоифаи  ватанфурӯш  дучанд  гардида , ҷиҳати  ташакули афкори  созанда , ҳифзу таҳкими  пояи давлатдории  миллӣ  тадбирҳои  саривақтиро  амалӣ менамоянд. Мусалам аст, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ  интернет, телефон  равобити  ногусастанӣ доранд, хусусан  ҷавонони  имрӯза, ки дар раванди  ҷаҳонишавии  босуръати  ҷомеа  қарор доранд бо техникаҳои  муосир  ва  шабакаҳои  иҷтимоӣ бештар сару  кор  доранд  ҷоиз  ба қайд  аст, ки  ҳаммаслакони  Муҳиддин  Кабирии  хоин  аз  кишварҳои  хориҷ  бо  истифода  аз ин  шабакаҳои  иҷтимоӣ  мехоҳанд  ҳадафҳои  нопоки  худро манзури  ин  муштариён  намуда  нафарони  соддалаҳвро  ба доми  худ фирефта  намоянд. Онҳо ҳар  дам  фаъолияти  худро бо  номҳои гуногун  дар шабакаҳои  иҷтимоӣ  ҷой дода, бо  ҳамин  аз  будани  худ  дарак  медиҳанд лекин онҳо  бехабар  аз онанд,  ки  маърифати  сиёсии  сокинони  кишвар, хусусан  ҷавонон  хеле  баланд  гардида онҳо дӯсту  душманро  кайҳост, ки  муайан кардаанд. Мутмаин  ҳастем, ки  мақсади  асосии  ин  бадкирдорон  ба паст кардани  обрӯю  манзалати  миллати  тоҷик  дар  арсаи  ҷаҳон , теша  задан  ба  таъриху  фарҳанги  миллати  тоҷик  ва  дар  умум  аз байн  бурдани  давлати  тозабунёди соҳибистиқлоли  тоҷик  аст .Чун  як  сокини  ин  сарзамини  биҳиштосо  аз  ин  тоифаи  ватанфурӯш  пурсиданиям, ки  ин бадкирдориҳо  то ба кай . Ба ин  нохалафон  гуфтаниям, ки  аз бадандешиҳо даст кашед.

Аюбова Дилрабо Аминчоновна

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *