БАДАХШОН ЯК ГӮШАИ ЗЕБОМАНЗАРИ ТОҶИКИСТОНИ БИҲИШТОСО МЕБОШАД

Бадахшон ин сарзамини қуллаҳои сар ба фалак кашида, як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони биҳиштосо буда, бо табиати сеҳрангез, чашмаҳои мусаффо, сарватҳои бебаҳои худ машҳур аст. Агар табиати хушманзару сарватҳои ғанӣ ва чашмаҳои шифобахшу руҳафзои Бадахшон боиси ҳайрату таваҷҷӯҳ ва муҳаббату дилписандии табиатшиносон, сайёҳон гашта бошад, пас таъриху фарҳанги бостонӣ ва мардуми далеру бошуҷоат ва бовиқори он диққати муаррихону адибонро ба худ ҷалб сохтааст. Дар маркази Бадахшон – шаҳри Хоруғ бо дастгирии  молиявии Бунёди Оғохон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо пояи баланди таълимӣ-тарбиявӣ, зеҳнӣ, техникӣ ва омӯзишиву парваришии замонавӣ ба истифода дода шуд.

Бадахшон бо фарзандони фарзонаи худ, мисли Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ходимони намоёни ҳизбию давлатӣ Назаршо Додхудоев, Бозгул Додхудоева, олимони намоён Баҳодур Искандаров, Рустамбек Юсуфбеков, Раҳим Додхудоев, Раҳим Масов, Мамадшо Илолов, Меҳрубон Назаров, адибони номдор Мирсаид Миршакар, Ширин Бунёд, рӯзноманигор Мазҳабшо Муҳаббатшоев, аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммедов ва садҳо нафарони дигар ифтихор менамояд ва онҳо на танҳо номбардори мардуми Бадахшон, балки тамоми Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Дар замони истиқлолият низ Бадахшон симои худро, комилан, тағйир дода, садҳо иншоотҳои муҳими саноатӣ, барқ, роҳу нақлиёт, мактабу маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра сохта шуда, сатҳи зиндагии мардуми он ба маротиб боло рафт. Тамоми мардуми Тоҷикистон ба ақлу хирад, заковат, таҳаммулпазирӣ, меҳнатдӯстӣ, ободкориву ташаббусҳои  ватандӯстонаи мардуми Бадахшон эътимоди комил доранд ва умед бар он мебахшанд, ки падидаҳои номатлубе, ки имрӯз дар байни баъзе ҷавонон ва гурӯҳҳои муайяни ҷиноятпеша ҷой дорад, аз байн бурда шуда, тамоми сокинони ин диёри қуллаҳои осмонбӯс баҳри ободии зоду буми худ ва тамоми Тоҷикистони азиз саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд.

Бояд донист, ки баъзе кишварҳо аз неъмати амният ва сулҳу субот маҳруманд. Пас бояд тамоми ҷавонони Бадахшон аз як гиребон сар бароварда, дар якбо ниҳодҳои қудратии ин минтақа аз ҳамаи дороии ин диёр ва аз муқаддасоти он муҳифозат кунанд ва ин неъмати тинҷиро шукргузор бошанд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати оқилона, созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари давлат ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон мебошад.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри донишкада

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *