БА ВАЪДАҲОИ ИФРОТГАРОЁН НАБОЯД ФИРЕФТА ШУД!

Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки ба ҷомеаи имрӯза яке аз равияҳои ифротгароӣ ва терроризм асосан ба ҷавонон таъсири манфии худро расонида истодааст. Ҷавонони гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғи хоҷагони террористу ифротгароён бовар намуда, оқибат фирефта шуда, ба доми он меафтанд. Дар натиҷа онҳо зиндагии осудаву бароҳати худро халалдор менамоянд ва он вақт пушаймонӣ суде надорад. Аксари онҳо бо супориши хоҷагони худ амал мекунанду аз болои бадбахтиҳои овардаашон ба сари ҷавонони гумроҳе, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои харакатери динӣ-ифротӣ шомил намудаашон маблағҳои ҳангуфтеро ба даст меоранд. Хонандаи закӣ қазоват намоед, ки маблағ ба кисаи онҳо мераваду аммо бадбахтиву сарсонӣ ва ғарибиву ҷиноят ба сари ҷавонони гумроҳ меафтад. Чунончӣ, дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламвраи ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. Аз ҷумла: ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ 10 нафар, “Ихвон-ул-муслимин”3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) 26 нафар, “Салафия”45 нафар, “Гурӯҳи 24”13 нафар, “Ансоруллоҳ” 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” 6 нафар, “Ал-Қоида” 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон 5 нафар дастгир шудаанд. Аз ин рақамҳои оморӣ бояд хулосабарорӣ намуд. Хеле хуб мешуд, ки ҷавонон ба ваъдаҳои бардурӯғи ифротгароён, ки дар хориҷи кишвар истода, бо ҳар баҳона онҳоро фиреб доданӣ мешаванд, набояд фирефта шаванд. Аз мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки ҳарчанд вақтҳои охир нисбат ба солҳои пеш пайвастшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, чунин кирдорҳои ҷиноятпеша зидди амният ва манфиатҳои миллии мо буда, пешгирии онҳо имрӯзҳо ба вазифаи аввалиндараҷаи умумимиллӣ табдил ёфтааст.

Бояд ёдовар шуд, ки душманони миллат то ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Бинобар ин, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Дар интиҳои мақолаи хеш бо назардошти масоили матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки ҳар як фарди худогоҳи тоҷику тоҷикистонӣ сафедро аз сиёҳ, бадро аз нек, дӯстиро аз душманӣ фарқ мекунад, дигар бозичаи дасти хоинону ватанфурӯшон намегарданд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳама сарҷамъу паҳлӯи ҳамдигар истода, намегузорем бадхоҳони миллат байни мо тафриқа ангезанд ва ҳамаи он мақсаду ниятҳои нопокашонро, ки дар ботин мепарваранд, барҳам зада, онҳоро қотеона маҳкум менамоем!

      Д.ҶОННАЗАРОВА,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *