Ба тарсу ҳарос ва воҳимаҳо дода нашавед!

Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатии мардум эътибори аввалиндаҷа медиҳад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба ифтихори сисолагии истиқлолияти давлатӣ тайи солҳои 2018-2019 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 253 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва 466 муассиса таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин, то ҷашни бузурги миллиамон бунёди боз 163 муассисаи тандурустӣ ва таъмиру азнавсозии 125 муассиса ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамаи ин муассисаҳои тиббӣ пеш аз ҳама ба хотири пешгирӣ кардани ҳама гуна бемориҳо, дар навбати аввал, бемориҳои сироятӣ ва ҳимояи ҳарчи беҳтари тандурустии аҳолии кишвар самаранок истифода хоҳанд шуд.

Аз расонаҳои иттилоотӣ маълум мегардад, ки ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст. Тавре Пешвои миллат дар ҷаласаи фаврӣ оид ба пешгирии ин вабои аср таъкид намуданд, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд.

Дар ин рӯзҳои мушкил барои тамоми миллати тоҷик ба ҳар гуна овозаҳои бардуруғу беасоси шабакаҳои берунӣ ва хоинони миллат бовар накунед. Кори ин гуна шахсон иғво андохтан асту бас!

Ҳаминро дониста бошем, ки онҳо фақат ва фақат нооромии кишвари мову Шуморо мехоҳанд. Кур-курона гапҳои дурӯғи беасос мегӯянд.

Шумо бо чашми худ дида истодаед, чӣ гуна Ҳукумати кишвар талош карда истодааст, барои пешгирӣ кардани КОВИД-19.

Ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мову Шуморо танҳо ва танҳо Ҳукумати кишвар ва духтурони бо нангу номуси мамлакат дастгириву ғамхорӣ мекунанд.

Он афроде ки аз дур истода хок ба давлату Ватани азизамон хок мепошад онҳо ягон вақт ба мову Шумо як танга ҳам кумак намекунад. Баракс онҳо бо нияти нопокашон мардуми Тоҷикистонро гумроҳ карда истодаанд. Албатта ки барои ин корҳояшон нону намак, шири Модар хоки поки Ватан курашон мекунад ва аллакай кардааст, ки фақат бадии миллатро мехоҳанд.

Мову Шумо танҳо якҷоя ҷавобан ба ғамхориҳои давлатамон кушиш кунем, то ба ин вабои ба хонаи мо омада ғолиб шавем.

Имрӯзҳо воҳимаю овозаҳо ба дараҷае расидаанд, ки гӯё чанд сад нафарро дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ намуда бошанд. Албатта, дар ин самт раёсати тандурустӣ ҳама чораҳоро меандешад, то ин ки бемории мазкур густариш наёбад. Мо бояд суханони роҳнамои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳем, ки таъкид намуданд:

“Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, барои пойдории сулҳу субот, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон тамоми имконият ва нерӯи мавҷудаи худро сафарбар намоем. Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон бошем ва дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин якдигарро дастгирӣ намоем”.

О. Қоситов,

Н. Қобилов,

М. Шогунбеков,

Р. Раҷабов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *