Ба таҳлука дода нашавем!

 

Тоқатпазир будан омили муҳиму самарабахшии гуфту шунид, мулоқот, муколама ва музокирот мебошад. Тоқатпазирӣ нишонаи муҳими фарҳанги баланди муколамаи байни одамон ва одамону давлат мебошад. Ҷомеаи демократӣ ба тоқатпазир ва ботаҳаммул будани шаҳрвандон эҳтиёҷи калон дорад ва онро яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа меҳисобад.

Имрӯзҳо диққати тамоми мардуми ҷаҳон ба як мавзӯъ-сирояти бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирии он равона гардидааст. Зеро он имрӯз қариб тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, миллионҳо нафар гирифтор ва ҳазорон нафар бар асари он фавтидаанд. Ин беморӣ ҳоло дар Тоҷикистон низ ба саломатии мардум таҳдид менамояд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва  ҳамҷавор бо кишварҳои қаблан ба ин вирус сироятшуда наметавонист аз ин вабо эмин монад. Таҳдиди хатари коронавирус ба мамлакати мо воқеият буд ва то ҳол боқӣ мемонад. Ин ҳақиқатест, ки инкор намешавад.

Билохира 30 апрел расман нахустин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони мамлакат ба COVID-19  эълон шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 75-солагии Ғалаба бори дигар аз зарурати иттиҳоду ҳамдилӣ ва муборизаи дастаҷамъона барои мағлуб намудани коронавирус ёдовар шуда, гуфтанд, ки «вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.

Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.

Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад».

Дар ин ҷода, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии касалии коронавирус чораҳои мушаххас андешида, шаҳрвандонро ҳаматарафа оиди риояи қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ огоҳ карда истодаанд. Мо, ҳамчун шаҳрвандони бошуур, набояд ба таҳлуқа фаромада ба ҳар гуна овозаҳои беасос дода шавем. Зеро фирефта шудан ба суханони беасос, бовар кардан ба воҳимаҳои дурӯғ ва аз ҳама бадтараш, гирифтор шудан ба дарди бедавои «бе таҳлил ҳукм кардан» аз камбудиҳои ҷиддии мост, ки мутаассифона сабабгори рӯҳафтодагии иддае аз ҷомеа ва ба миён омадани нофаҳмиҳо дар байни халқ ва давлат шуда метавонад.Аз ин ру, мо бояд танҳо маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намоем.

Ҳанӯз аз оғози пайдоиш ва рушди пандемияи коронавирус дар ҷаҳон Ҳукумати  Тоҷикистон чораҳои муассири пешгирии хатари онро дар мамлакат таҳияву роҳандозӣ карданд.

Тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар мубориза ба муқобили ин вабои аср, албатта, ҳамаи манотиқи мамлакатро фаро мегирад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ низ муборизаи беамон ба муқобили авҷу густариши коронавирус  торафт шиддат пайдо мекунад. Ситодҳои доимамалкунандаи мақомоти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон барои татбиқи амру дастурҳои ситоди ҷумҳуриявӣ тадбир меандешанд. Аз роҳандозӣ кардани корҳои тарғиботӣ, омодаву мутобиқ намудани беморхонаҳо ва муайян кардани афроди бемор то безараргардонии хонаҳо, кӯчаву хиёбон ва дигар  ҷойҳои серодами ҷамъиятӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ситодҳои  маҳаллӣ мебошад.

Чуноне аз сомонаи интернетӣ бармеояд ва мо шоҳиди он ҳастем имрӯзҳо ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, таъмини солимии сокинон ва беҳбуд бахшидан ба фазои экологӣ дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои тамизгардонӣ пурзӯр гардонида шудаанд.

Корҳои безараргардонӣ асосан шабона бо ҷалби кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои шаҳрӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ нахуст дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, бозорҳо, хосатан, дар ҳудуди кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Гагарин, Сирдарё, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, Аминҷон Расулов, Шарқ, Фирдавсӣ, Саидвалиев, Истиқлол ва якчанд микроноҳияҳо роҳандозӣ гардиданд.

Ҳамарӯза дар маҳаллаҳову корхона ва муассисаҳои ҳудуди шаҳр бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни  шаҳрвандон ба роҳ монда шуда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамзамон шаҳрвандонро даъват карда истодаанд, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус талаботи қоидаҳои беҳдоштиро пурра риоя намоянд,     худ ва атрофиёнро эҳтиёт намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд.

 

Саидзода Хоҷа,

 муаллими калони

кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *