Ба суханҳои бадхоҳони миллат бовар намекунем!

Дар шароити имрўзаи Тоҷикистон, ки сол то сол ободу зебо шуда, сулҳ танинандоз аст, шахсоне ба саҳнаи сиёсат омада истодаанд, ки мехоҳанд, бо фитнаву иғво байни халқ низоъ андозанд. Ба ин гурўҳи шахсон роҳбари Ҳизби наҳзати ислом М. Кабириро дохил кардан мумкин аст. М. Кабирӣ худ гуреза буда, тариқи сомонаҳои интернетӣ ба халқ муроҷиат карда доиман кўшиш мекунад, ки байни ҷомеа низоъ андозад.

Солҳои охир Кабирӣ кўшиш карда истодааст, ки мехоҳад дар Тоҷикистон Эътилофро бунёд намояд, вале бояд қайд кард, ки ҳатто дўсти деринааш Дадоҷон Атовуллоев ўро дастгирӣ накард ва иброз дошт, ки дар оянда бо М. Кабирӣ алоқа нахоҳад дошт.

М. Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи гуфтаҳову ваъдаҳои ту нестем. Побандӣ ваъдаву сарватҳои ту ва ту монанд шахсон, инчунин, хоҷагонат намешавем.

Аҳли зиё набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳанд, баръакс бояд кўшиш намоянд, ки якпорчагии ватанро ҳимоя намуда, ба ҳимояи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон тайёр бошем ва якпорчагии онро ҳамеша ҳифз намоем.

Азимова Зулайхо,

ассистенти  кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *