БАҲРИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛАМОН ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ!

Мусаллам аст, ки Бадахшон кишвари қадими тоҷикнишини кӯҳистонӣ, машҳур бо маъданҳои нодир, мардумони шуҷоъу меҳнаткаш ва табиати нотакрор мебошад. Мардуми бофарҳанги Бадахшон дар тӯли асрҳо ҳамеша чун сутуни оҳанини миллат буданд ва ҳастанд.
Қуллаҳои осмонбӯси Бадахшон рамзи мардуми сарбаланди ин сарзамин буда, кӯлҳои шаффофаш ба ин пайкар зебогии бештаре мебахшанд. Аз ин ҷост, ки дар таърихи Тоҷикистон бадахшониён ҳамчун инсонҳои бофарҳангу сулҳпарвар мавқеи хоссаро доранд. Сулҳу ваҳдати миллӣ ибораҳое оиди оштиву якдигарфаҳмӣ мебошанд.
Баробари ин бояд ёдовар шуд, ки кулли мардуми сарбаланди ин минтақаи зебоманзари кишвар нисбати гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ, ки санаи 25 ноябри соли 2021 аз тарафи баъзе гурўҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, худро бетараф нагузошта, мавқеи хешро нисбат ба хиёнаткорни миллат нишон доданд. ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва ахбороти беасос бовар накарда маҳкум намуданд. Инчунин аз баромадҳо аз ҷониби собиқ раиси вилоят, вакилони ҳалк ва муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вобаста ба қазияи Хоруғ ва рафтори ношоиста нисбати сардори маорифи вилоят воқеабинона шарҳу эзоҳ дода, ҳақиқати ҳол баён шуда, холатҳои номатлуб шадидан маҳкум карда шуд.
Мо ба хуби эҳсос менамоем, мардуми Бадахшон имрӯз гаравгони аъмоли 5-6 нафар ҷинояткорон гаштаанд. То ҳол гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва умуман хоинони миллат ба худ хулосабарорӣ накардаанд, боз мехоҳанд дар байни миллати сулҳпарвари тоҷик бо ҳар роҳу васила тафриқа андохта, ба мақсадҳои бағарази худ бирасанд. Чунончӣ, афрод бо номи Муҳаммадбокир тариқи шабакаҳои ичтимоӣ бе ягон эҳтироми забони тоҷикӣ баромад намуда, меҳоҳад худашро “сафед” кунад, гўё чун мусичаи бегуноҳ ягон ҷиноят содир накардааст. Дар робита ба бояд хотиррасон кард, ки давлат ва ҷомеаи мо имрӯз ҳамаи қонунҳо ва мақомотҳои қудратиро доранд ва онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда бо тези роҳи ҳолати ба миён омадаро гиранд. Барои ҳамин мақомотҳои дахлдор муйро аз хамир ҷудо намуда, роҳбарони гурӯҳҳо ҷинояткорро муайян намоянд. Тибқи қонун ин афрод ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд ва дар асоси қонун дар муддатҳои кӯтоҳ ин низоро ҳал намоянд. Баробари ин барои ҳаллу фасли масоили мазкур мақомотҳои маҳаллии идоракунии давлатӣ фаъолияти худро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дирўз имрўз фаъол гардонанд. Яъне ин муроҷиатномаи МИҲД саривақти буда, ба манфиати кор аст. Инчунин раисони ҷамоатҳо, шаҳрҳои ВМКБ, ҷавонон, занону духтарон тавассути телевизон, шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, воқеабинона амали ҷинояткоронро маҳкум намоянд. То ки мардуми ин диёр ба фирефтаи дурӯғу васвасаҳои ин афроди ҷиноятпеша нагарданд. Дар кишвар ҳама бояд ғуломи қонун бошанд ва махсусан раҳбарони вилояту ноҳияҳо барои беҳбудии аҳолӣ ва оромии он кўшиш намоянд.
Дар фарҷоми андешаи хеш, қайд кардан зарур аст, ки мо ҳама бояд масъуляти худро дар назди ҷамъият ҳис карда, дониши худро дар амалисозии сиёсати давлат, барои тарбияи ҷавонон бо ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии онҳо сарф намоем. Ва бо боварӣ изҳор менамоем, ки сокинони ВМКБ шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта, осмони соф намуда, минбаъд низ баҳри сулҳу суботи кишари соҳибистиқлоламон талош меварзанд.

Ф.МАМАДҶОНОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *