БА РӮБОҲОНИ АЙЁР ВА ҲИЛЛАГАРИ АҲРИМАНСИФАТ НОТИНҶИИ ТОҶИКИСТОН МАҚБУЛ МЕБОШАД

Мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муаррифгари миллати тоҷик баъд аз огаҳӣ ёфтан аз ҳадафҳои нопоки ташаббускорони аслии баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ роҳи мусолиҳатомезро пеша гирифтанд.
Бешубҳа, ҳодисаҳои охири моҳи ноябри соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон руҳдода, мо сокинонро дар канор монда наметавонад.
Аз Васоити ахбори омма маълум гардид, ки роҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ доир ба масъалаи гирдиҳамоии гуруҳҳои муташаккили љиноятӣ дар шаҳри Хоруғ тариқи барномаҳои ифротӣ ба хотири манфиатҳои гурӯҳии худ талош дошта, фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира ва мардумро ба по хезонанд.
Таърих гувоҳ аст, ки солҳои навадуми асри ХХ халқи тоҷик бо дахолати доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ таҳмилшуда азобу машаққат, ранҷу маҳрумият ва даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд ва барои обод намудани харобиҳои он беш аз ду даҳсола аст, ки заҳмат мекашанд.
Имрӯз пурра собит гардид, ки ҳаммилатони мардумфиреб, яъне роҳбарони ТТЭ ҲНИ, ки аз оғоз медонистанд, ки ҳадафи асосии ҷанги шаҳрвандӣ аз байн бурдани якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу таблиғи мазҳабу фирқаҳои “барои ҷомеъаи кишвар бегона ва ҳатто ифротӣ” мебошад.
Ҷанги хонумонсӯз, ки он аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда буд, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Ин ҳолат аз он далолат мекунад, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Алҳол бадхоҳони миллат берун аз кишвари мо иқомат доранду, бехабар аз ҳақиқати ҳоли ҳодисаҳо ва умуман доир ба масоили шаҳри Хоруғ маълумоти кофӣ надоранд.
Бояд ёдовар шуд, ки хушбахтона ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби сиёсатмадорон, сокинони фаъол ва аҳли зиё гузаронидашуда, пеши роҳи бетартибиву бенизомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирифта шуд ва мардум ба кору зиндагии муқаррарии худ баргаштанд.
Хулоса қайд менамоем, ки ба рӯбоҳони айёр ва ҳиллагари аҳримансифат нотинҷии Тоҷикистон мақбул мебошад.Умуман тараққиёту пешравиҳои кишвари соҳибистиқлои моро роҳбарону ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ дидан намехоҳанд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, садди роҳи онҳо шаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон боло рафта, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ яке аз дастовардҳои истиқлолият мебошанд.
Обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Сарвари кишвар аст. Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом дода шуданд, боис гардид, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва нерӯҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи кишвар бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.
Мо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё ва ходимони давлатиро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешрафти давлати азизамон Тоҷикистон саъю талош намоем.

Кормандони шуъбаи кадрҳо
ва корҳои махсуси
ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *