Ба ин Ватан, ба ин сарзамин хиёнат накунед!

 

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрию мулоқотхояшон бо қишри ҷавони ҷомеа гуфта мегузаранд: «Ҷавонони лаёқатманду соҳибфарханг ояндаи ҷомеаи навини Тоҷикситон мебошанд».  Дар ҳақиқат,  насли наврасу ҷавон нерӯи бениҳоят бузурги созандаю бунёдкор дар роҳи фардои миллату давлат, умеди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол аст.

Насли ҷавон  тариқи ВАО хуб огоҳанд, ки имрӯзҳо аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои ифротгаро чи гуна содир намудани амалҳои мудхишу дахшатангез ба вуқӯъ мепайвандад, ки ин кирдори онҳо ба тафаккуру ақли солими ҷомеаи муосир рост намеояд.  Мутаассифона бархе аз ҷавонони бемаърифат, бефарҳанг моҳияти ин омилҳои номатлубро дуруст эҳсос накарда, баръакс  бо ҷалби зархаридорони хориҷӣ ба ин гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд. Мисоли ин шуда метавонад, ваҳшонияти рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара содиркардаи як идда ҷавонони зиштхӯйю нохудогоҳ, ки қасди ҷони меҳмонони хориҷӣ намуда, чор нафарро қурбони амали нопокашон сохтаанд. Ин ҳодисаи нангин хилофи урфу одат, расму русум ва суннату анъаноти мардуми шарифи тоҷик аст.

Ҳамчунин дар Варшава др ҷаласаи САҲА созмони “Паймони миллӣ” таъсис ёфт, ки бар зидди давлату миллат суханҳои нолоиқ мегӯяд. Мо таъсиси ҳар гуна созмону ҳизбҳоро маҳкум менамоем ва тарафдори сулҳу субот ва оромии кишвар ҳастем.

Бояд гуфт, ки сар  задани чунин ҳолатҳо,  яъне шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ, анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар  омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон аз бетарафии волидон ва шахсони масъул аст, ки дар ҳолати ҷалб нагардидани ҷавонон ба муҳити оила, ба маслиҳатхои пандомези  волидайн ва ширкат накардани онҳо дар корҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, варзишию оммавӣ, саҳмгузорӣ дар ободии  диёрамон онҳо ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.

Мутаассифона, тарғибгарони ҳаракатҳои экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ  маҳз бо такя ба унсурҳои динӣ ҷалби ҷавонони соддаву зудбоварро роҳандозӣ мекунанд.  Барои амалӣ шудани максадҳои нопоки худ  бо қатлу ғорат рӯз аз рӯз кирдорҳои ғайриинсонии худро нишон медиҳанд, ки  ин бо дини мубини ислом ҳеч робитае  надорад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Ба умеди хоҷаҳои хориҷӣ нашавед, тафриқаандозӣ накунед ва ба хотири маблағи ночиз (ҳаром) номуси ватандории худро нафурӯшед ва ба ин Ватан, ба ин сарзамин хиёнат накунед». Ин насиҳати Пешвои миллатро ба гӯши ҷон қабул карда, ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон нахоҳем шуд.

Тошматова Шоира – мудири бахши

                                                                               курсҳои тайёрии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *