Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Точикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурҳу ҳаракатҳои ифротгароён ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдахои пуч ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халк, муҳимтар аз ҳама тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар бо супориш ва дастури хоҷагони хеш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаи хешро иҷро намояд. Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз фаҳмидани мардум ва дарки амалҳои разилонаи наҳзат Кабирӣ бо супориши хоҷагонаш тарки наҳзат намуда, паймони миллиро таъсис дод. Аммо Кабирӣ ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми ба ору нанги тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдонӣ нахохад кард. Зеро мақсаду нияти шумо хиёнат ба давлату миллат ва реша задан батешаи миллат аст. Халқи тоҷик бо сардории Сарвари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолият ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъият, яъне соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ноил гардид. Яке аз чунин шахсиятҳо, ки ба гурӯҳи ифротӣ дохил мешаванд, Илҳом Ёқубов мебошад, ки шахси дурӯяву хушомадгӯй буда, бо ақидаҳои ғаразнокаш аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сухан гуфта, чун дигар шарикони худ дар доираи ТТЭ ҲНИ, мехоҳад, мардумро гумроҳ созад. Кабирӣ ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми ба ору нанги тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдорӣ нахохад кард. Зеро мақсаду нияти шумо хиёнат ба давлату миллат ва реша задан ба тешаи миллат аст.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллат заҳматҳои зиёд кашиданд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Имрӯз, дар ҷомеаи мо мутаассифона, нафароне ёфт мешаванд, ки оромиву осудагии давлатро намехоҳанд, ба зидди давлату ҳукумат, сиёсати Пешвои миллат тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ суханони қабеҳу фитнаангез баён менамоянд. Ин хоинони миллат, ба монанди Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳо суханони фитнаангез гуфта, барои тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони худ машғуланд.
Дар тӯли ин 29 соли бурду бохтҳо Тоҷикистону тоҷикистониён бо амри тақдир ҳамаи шебу фарозҳои таърихи ҳазорсолаи худро бори дигар аз пеши назар гузарониданд. Дар он айёми ноорому пурошӯб ҷомеаи мо ба нерӯи пурқудрати сиёсие ниёзу эҳтиёҷ дошт, ки тавонад пеши роҳи ҷанги бемаъниро бигирад, дар кишвар сулҳу салоҳ ва ва оромиро барқарор кунад, миллатро дар атрофи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ сарҷамъ намояд. Ба иғвою тӯҳматҳо, ғайбату дасисаҳо ва фиребу найрангҳои бадхоҳони дохилию хориҷӣ амсоли ТТЭ ҲНИ ва «Паймони миллӣ» фирефта нашавем. Фарзандонамонро аз таъсири ақидаҳои экстремистию террористӣ, наъшамандию ҷинояткорӣ ва бесаводию беҳудагардӣ эмин нигоҳ дошта, дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намоем.
Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем.Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дилафрӯз Ҳомидова,
муҳаррири шӯъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ