БО ХУНИ МО ОМЕХТА…

 

Рӯзи гузашта чун аз  расонаҳои иҷтимоӣ доир ба вазъияти нотинҷгаштаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бохабар гаштам, белиҳоз ин байти шоири шодравон Лоиқ Шералӣ вирди забонам гашт, ки чунин аст: “ …Бо хуни мо омехта, моро ба хун омехтанд…”

Ҳаводисе, ки дирӯз дар сарҳад байни мардуми Хоҷаи Аъло ва мардуми Ботканд рух дод, ин ҳодисаи тасодуфи нест. Инро онҳо моҳҳои дароз коркард ва тайёрӣ дидаанд. Ҳатто аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишинро харидорӣ кардаанд, ки маҳз аз тоҷикон қасди чанд моҳ пешинаи худро гиранд. Онҳо гумон карданд, ки метавонанд ва аз дасташон меояд. Лекин онҳо тушбераро хом мешуморанд. Онҳо доим мардуми таҳҷоӣ ва омоиштаи Исфарамарзро ба ҷунбишу таҳлука меандозанд. Шояд гумон доранд, ки бо ин кори худ замини аҷдодии моро аз худ кунанд.

Дар маҳалли Сомониён ҳамсояҳо, шаҳрвандони Қирғизистон боз ба иғвогариҳо сар кардаанд. Мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро сангборон мекунанд ва ҳарбиёни қирғиз инро нодида мегиранду чашм мепӯшанд. Шояд ин марзбонон худ инро мехоҳанд?! Мехоҳанд, ки бо дасти шаҳрвандон мардуми тоҷикро “масхара кунанд”?!

Аслан ин мардум худ фоҷиаро оғоз мекунанд ва ҷониби Тоҷикистонро ба роҳбандӣ айбдор мекунанд. Онҳо аслан мардуми тарсу ҳастанд ва мисли номардон аз қафо санг мезананду мехоҳанд айбро боз ба гардани тоҷик андозанд. Гуфтушунид ва имзои расмии ҳуҷҷатҳоро амалӣ мекунад, лекин онро нодида мегиранд, ки номардие беш нест!

Сабаби моҷарои шаби 27уми январи соли равон аслан ҳамон қитъаи замин аст, ки ҳанӯз моҳи ноябр Президенти Ќиргизистон Содир Ҷаппаров ба он лаб кушода буд. Инҳо ҳеҷ ором намешаванд ва ба гардан намегиранд, ки ин замин аз Тоҷикистон аст. Дар ҳама харитаҳо, аз ҷумла дар он харитае, ки бори охирин тартиб дода шудаасту ҷониби қиргизҳо ҳангоми аломатгузории марз ба он такя мекунанд, бараъло нишон дода шудааст, ки ин қитъаи замин, яъне ҳавзаи дарёи Исфара ва заминҳои атрофи вай дар байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Кӯктоши Ќирғизистон, воќеан ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Аммо Содир Ҷаппаров моҳи ноябр собиқ раиси Шурои Амнияти кишвараш Адахон Мадумаровро барои имзои протокол дар бобати иҷора айбдор карда гуфта буд, ки ин замин ба Қиргизистон тааллуқ дорад. Яъне иғвои навбатӣ дар назар буд. Ҳарчанд дар натиҷаи задухӯрд, моҳи майи соли 2021 низомиёни қирғиз дар натиҷаи задухӯрҳое, ки бар асари муноқиша дар назди сарбанди “Головная” ба амал омада буд, сахт саркӯб шуда буданд. Ба онҳо вай шикаст сабақ нашудааст. Шояд гумон кунанд, ки омодагии сахт дидаанд ва муҷаҳҳаз шудаанд, ҳатто “Байкатар”-ҳоро аз Туркия харидорӣ кардаанд, “тавоно гаштанд” ва бовар дошта бошанд, ки бо роҳи истифодаи қувва ин минтақаро ба даст меоранд. Инро ҳам карданд! Бо парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини худ ба ҳавлии сокини Исфарамарз ҳамлаи мушакӣ карданд, ки онҳо оилавӣ маҷрӯҳ ва ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Ҳатто автомобили Ёрии таъҷилиро тирборон кардаанд, ки ронандаи он ба наҷот додани тирхӯрдагону ҷароҳатбардоштагон омада буд. Ин аз ваҳшоният ва ноодамї дарак медиҳад.

Ман барои худ ба як савол ҷавоби аниқ ёфта натавониста истодаам: Қирғиз аз мо чӣ мехоҳад? Чаро ин мардуми кӯчманчӣ дам ба дам моҷаро ва тирпаррониву халалгароии навро меҷӯяд? Шояд ҷавоби ин суол осон ва аён бошад? Баъди таҳлилҳо ва аз назаргузарониҳои маълумотҳо маълумам гашт, ки қирғиз як чиро аз мо мехоҳад бигирад. Ин ҳам бошад як порчаи замине, ки дарозии он 275 метр буда, барои 49 сол ба онҳо барои иҷора дода шудааст.

Бархе мардум ин кишвар, яъне саркардагони њаводисњо шояд мардуми тоҷикро надонад, ки хеле таҳаммулпазир асту рӯзе косаи сабраш лабрез хоҳад шуд. Аслан мардуми Қирғиз мулки асосии зист ва макони зиндагии аниқ надоштанд. Таърих гувоњ аст,ки дар кадом маконе, ки алаф мерӯиду чаронидани гӯсфандону аспон имконият дошт, ин мардуми кучманчї онҷоро макони муваққатии зисти худ қарор додаву хаймаи латтагини худро дар он ҷо рост мекарданд. Баъди ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ воридшавии онҳо қонунан имрӯза марзи Қирғизистон ҷойи зисти доимии онҳо қарор дода шуд.

Баробари ин мехоҳам як нуктаро баён созам. Бархе мардуми роњгумзадаи мардуми қиргизро мардуми ваҳшӣ ва дур аз фарҳанг гӯям шояд хато нахоҳад шуд. Аз рӯи навиштҳои матбуоти ғайрирасмии Қирғизистон мардум аз кори роҳбари давлат, роҳбарони КДАМ ва ВКД низ норозианду истеъфои онҳоро мехоҳанд. Бинед, агар онҳо зидди роҳбарияти мақомотҳои давлатӣ вақте пофишорӣ мекунанд, чигуна бо ҳамсоя муносибати дӯстона дошта метавонанд? Онҳоро бояд чунон “дарсе” дод, ки дигар ҳолати ба тоҷикон бо чашми каҷ нигоҳ карданро ҳатто фаромӯш кунад.

Бо мардуме, ки байни худ бо мусолиҳаву маслиҳат ва дӯстиву сулҳу субот амалкарда надорад чӣ гуна муносибат метавон кард? Он чуноне, ки вай муносибат мекунад, ҳамон тавр.

 

Ф. РАҲМОНОВ,

ассистенти кафедраи

назарияи иқтисод, ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *