Ба дасисаву овозаҳои бардуруғ бовар намекунем!

Ахиран дар радиои «Озодӣ” ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки гӯё дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як нафар бар асари бемории короновирус фавтидааст. Имрӯз ин вабои аср ҳазорҳо нафарро дар тамоми дунё куштаву сироят намудааст, аммо хушбахтона то ҳанӯз он дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст. Дар иртибот ба ин навиштаи расонаҳои хабарӣ вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, як баёнияеро пешниҳод намуда, вазъи баамаломадаро шарҳ дод:

Мо ҳама огоҳ ҳастем, ки аз 1 феврал то 6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.

Дар идома Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то санаи 6 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазъи эпидемиологӣ дар вилояти Суғд муътадил арзёбӣ гардида, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, мусбӣ мебошад. Ҳарчанд ки дар миёни бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ дарёфт карда шудааст, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои сироятёбии коронавирус дида намешавад.

Мавриди зикр аст, ки айни замон озмоишгоҳҳои кишвар барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Ҳоло дар озмоишгоҳҳои кишвар 25 ҳазор тестҳо ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз ба наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадаанд. Аз ин шумора 22 ташхис ба Лондон ва 9 ташхиси ташхиси дигар ба шаҳри Москва равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо низ хушбахтона, манфӣ баромадааст.

 

Ҳамзамон вобаста ба вазъи баамаломада дар ноҳияи Ҷаббор Расулов брифинг бо иштироки намояндагони раёсати тандурустии вилояти Суғд баргузор гардид. Муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев имрӯз зимни баргузории брифинг дар шаҳри Хуҷанд баён дошт, ки дар вилоят то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Овоза ва хабару гузоришҳои паҳнгардида , ки гӯё дар вилоят гирифторони ин сироят ошкор гардидаанд, асоси воқеӣ надоранд. 13 нафаре, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз дирӯз ба карантин гирифта шудаанд, вазъи мӯътадил дошта, ташхиси онҳо нишон дод, ки ба бемории коронавирус гирифтор нестанд.

Мо аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ аз мардуми шарифи кишвар даъват ба амал меоварем, ки фирефтаи ҳангомаву овозаҳои беасос нагарданд ва барои пешгирии бемории короновирус риояи ҳатмии гигиенаи шахсиро ба роҳ монда, ба гуфтори бардуруғ ва дасисаҳои бадхоҳон дода нашаванд. Мо боварӣ дорем, ки Ҳукумати кишвар ва дигар ниҳодҳои марбута барои мубориза ба короновирус омодаанд, пас бояд бештар ба хабарҳои расмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз хабарҳои воҳимаангез худро дур гирифта, барои ободии ватан софдилона заҳмат кашем.

А. Қаюмов,

муовини директори ДИС ДДТТ,

номзади илми иқтисод, дотсент

А. Азимов, доктори илми иқтисод, профессор

О. Қоситов, номзади илми иқтисод, дотсент

Н. Қобилов, номзади илм, дотсент

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *