БА АФКОРИ ЭКСТРЕМИСТӢ, ТЕРРОРИСТӢ МУТАШАККИЛОНА МУБОРИЗА БОЯД БУРД !

Даҳсолаҳои охир аз сабаби  ташкил шудани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, ифротгароӣ ва дар натиҷаи зарар расонидан ба амният ва вазъияти сиёсӣ-иқтисодии кишвар имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном “Бародарони мусалмон”, “Давлати исломӣ”;“Гурӯҳи 24”; “Ҳизби наҳзати ислом”; “Ансоруллоҳ”, “Ал-қоида” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Пӯшида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта то ҳол ба назар мерасад. Тибқи расонаҳои иттилоотӣ таҳлилҳо собит менамояд, ки танҳо дар соли 2020 ҷинояти хусусияти террористӣ-экстремистидошта 1091адад ошкор гардида, дар натиҷа 271 нафар аъзо ва тарафдорони равияҳо дастгир карда шуданд. Аз ҷумла, “Ҳизби наҳзати ислом”-17нафар,“Бародарони мусалмон”- 148 нафар; “Давлати исломӣ” -39;“Гурӯҳи 24”- 8; “Ансоруллоҳ”-8; “Ал-қоида”-3 нафар. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд.

Ин ҳолат алҳол мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифта, омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шудааст. Воқеан омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии олимон, таҳлилгарон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва муаммои мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунанда дар амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бо баробари ин моро зарур аст,ки аз дирӯза дида  имрӯз Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки  чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои  ҳимояи  манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

 

                            Раҳимов Э.Э., нозири шуъбаи мониторинг ва

                                                     назорати сифати таълим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *