БӮҲТОНИ НАВБАТИИ М. КАБИРӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР!

Дар хориҷи кишвар иддае аз фарзандони хиёнатпешаву гумроҳон, нотавонбинону хоинони ватану миллати тоҷик бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар ҳар гӯшаву канори дунё бо мақсади сиёҳ намудани Ватани аҷдодии худ ва барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризонаи хеш аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонанд, чоҳ ба зери пои хеш мекананд. Наҳаросида аз он ки рӯзе худ сарозер фурӯ мераванд. Ба ҳукумати қонунии Тоҷикистон бӯҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду нисбати боздошти Иззат Амон суханҳои беасос баён дошта, худро“ғамхор”-и миллат меҳисобанд, аммо дар зимн андешаи дигар доранд. Ногуфта намонад, ки М. Кабирӣ бисёр одами нохалаф буда, ба мардуми тоҷик бисёр хиёнат кардааст. Нафаре, ки обрӯи миллати тоҷикро дар саҳнаи дунё ҳамчун як шахсияти террорист резонид. Чӣ бадномиҳо, ки ба мардуми мо накард. Чӣ бадбахтиҳое, ки ба сари кишвари мо наовард. Исломро ба як бозичаи дасти хориҷиён табдил дод. Мардумро ба роҳи фиреб андохт ва дар мамлакат бозори хиёнатро гарм кард. Ва имрўз наҳзатиён,хоса М.Кабирӣ бо найрангҳои навбатиаш Иззат Амонро низ ба доми фитнааш афтондааст. Ин ифлоси бадгӯву бадгумон, сабабгори марги чандин нафарон аст, ки ҳамагон вайро бад мебинанд, худаш ҳаромхӯр асту боз дигаронро чунин меномад.

Ташкилоти террористии ҲНИ-ро ба гурӯҳи хонаводагӣ табдил дода, пулҳои бавоситаи хориҷиён ба ин ташкилот воридмешударо байни оилаи хеш тақсим намудааст. Имрӯз дар хориҷи кишвар дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ, ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехта, фикр намесозад, ки фарзандони шири софу поки модари тоҷикро чашида ба камол расидагонро роҳгум зада, бо ваъдаҳои хушку холии худ он бегуноҳонро боз ба вартаи ҳалокат равона сохтан ният дорад.

Бинобар ин ҷавонони имрӯза бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба қадри неъматҳои даврони истиқлол бирасанд ва барои расидан ба зиндагии аз ин ҳам шоистатар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди
шуъбаи табъу нашри
ДИС ДДТТ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *