Аз номи Ислом динро набояд доғдор кард!

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7-декабр соли 2005 баргузор гашт, таъкид намуда буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ўст… Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд».

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳукуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зуроварӣ нисбати кўдакону занон, рўҳониён асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он, ки чунин стандартҳо танҳо дар қарни XX дар ҳуқуқи байналхалқи қабул гардидааст.

         Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиесии чахон ва тағйиру тахаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ефтани низохои байнимазхабӣ ва арзӣ чиноятхои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиесии шахрвандон ахамияти бағоят мухимро касб менамояд. Аз ин чост , ки чомеаи чахонӣ бояд бидонад, ки дар солхои мудхиши 1992-1995  миллати точик дар марзхои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигарихои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази курбонихои чонӣ ва хисороти бузурги иктисодию молиявӣ нагузошт ки дар Точикистон нерӯхои ифротгароии динӣ ва дигар давлатхои осиегии аъзои ИДМ мавкеи рохбарии худро дошта бошанд. Аз ин чост ки Чумхурии мо яке аз кишвархои камшуморест ки мукобили ин кабил озмоишхои ракобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро макоми худ кардааст . Вале ин падидаи бад на танхо пайванди худро ба манзилхои харобкардаи худ канданӣ нест балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст.

Хамаи намудхои фаъолияти ХНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо карори Суди Конститутсионии Чумхурии Точикистон фаъолияти ин хизб дар худуди чумхурӣ катъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар чахон фаъолиятхои гурӯхи ифротгароию терористӣ такозо менамояд, ки мо сади рохи амалӣ шудани ниятхои онхо шавем ва хамеша дар корхои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иктисодиети чумхурӣ сахми худро гузорем.

         Имрўз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви чомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пешрафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгири менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем дар агрофи сарвари давлат ва ҳуқумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, ватанро ки Тоҷикистон ном дорад ҳифз намоем ва обод созем. Парчами вахдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

Омузгори кафедраи
забонхои точикӣ ва руси
ДИСДДТТ Раупова К.О.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *