АЗ МОҲИЯТИ ҲИЗБУ ГУРӮҲҲОИ БАДТИНАТ ОГАҲЕМ!

Мо тавассути васоити ахбори омма бохабар ҳастем, ки хоинони миллат, бахусус собиқ аъзоёни ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чӣ мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик оварданӣ буд. Пас аз аёну тасдиқ шудани амалҳои разилонаи наҳзатиҳо, роҳбари он Кабирӣ ва ҳаммаслакону пайравонаш дар кишвари Аврупо паноҳ ёфта, номи ҳизбро ба “Паймони миллӣ” табдил дода, аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Агар нисбати М.Кабирӣ сухан гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол афтодааст ва чунин афрод метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурӯшад. Воқеан ҳам ӯ меҳану модарашро фурӯхта ба диёру миллаташ хиёнат кардааст. Хулоса чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки бархе ҳаммаслакони наҳзатиён айни ҳол намаки маҳбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии давлати ба ҳамагон маълум мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Имрӯз низ ҳаммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, Ашӯров Ҳусейн ва Беҳрӯз Тагойзода, аъзои ҳаракати ифротии Гуруҳи -24 низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи “Хақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир” ва “Садои мардум” баромад намуда, бо иғвои навбатиашон вобаста ба сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Тоҷикистони азизи мо зери суоли танқид кӯшиш доранд. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд.
Бояд қайд кард, ки ҳаммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ ҳама пешрафту тараққиёти кишвари моро дида, имрӯз ба таҳлука афтодаанд. Хоинони миллат медонанд, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон иҷрои нақшаҳои таъминоти иҷтимоию давлатро вусъат бахшида, зиндагию рӯзгори мардумро боз ҳам гуворову шоиста месозад.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, бар зидди инсонҳои тангназарону хиёнаткори ифротӣ муборизаи беамон бурда истодааст ва минбаъд низ хоҳад бурд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи Тоҷикистонро тира карда наметавонад!

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *