АЗ МАКРУ ДАСИСАҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БОХАБАРЕМ!

    Пӯшида нест, ки имрузҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ифротӣ иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда шаклу номи худро тағйир дода, аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Чунончи як тудаи бадхоҳони давлату миллат, аз ҷумла яке аз пайрави наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” ва дигаре Беҳруз Тағоев, узви фаъоли “Гуруҳи 24” зимни ровигӣ дар барномаи “Садои мардум” бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ дар давоми солҳои охир баромад намуда истодаанд.

      Бадхоҳони зикршуда ва шогирдону пайравашон дар рафти суханрониашон миллати тоҷикро масхараю писханд ва заҳрханда менамоянд, ки ин амалашон бар зидди арзишҳои миллати мо аст.

      Мо борҳо зимни андешаҳои хеш иброз дошта будем ва боз таъкидан қайд менамоем, ки бадхоҳони миллат, дар ҳақиқат чоплусони ҳоҷагони хориҷӣ ҳастанду аз комёбиҳои соҳибистиқлоли кишвар дар ҳаросанд. Моро лозим аст, ки  сирати зишту нопоки ин тудаи ифротии фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои бадхоҳони миллат бохабар созем. Баробари ин, бояд хотиррасон кард, ки имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Хулоса, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлоли кишвари азизамон ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки хиёнаткорони давлату миллат, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаю иғвогарӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.

Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи

молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *