Пӯшида нест, ки имрӯзҳо терроизму экстремизм бо хавфу хатарҳои худ тамоми қишри ҷомеи ҷаҳониро ба таҳлука андохта, рӯзе моҳе нест, ки аз дасти онҳо мардуми осоиштаи дунё зарари ҷонию молӣ набинанд.Мо ин ҳолатро дар мисоли кишари ҳамсоя-Афғонистон мебинем. Душманони нотавонбинони миллату давлат, бахусус роҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ин ҳолатро истифода бурда, чун солҳои 90-уми асри гузашта имрӯз ҳам намехоҳанд, ки пешравию дастовардҳои кишварро таҳаммул кунанд. Вақт довар аст,ки ТТЭ ҲНИ дар ҳақиқат душманони инсоният буда, касбашон даст ба ба исёну сияҳкорӣ задан мебошад.Бо ин мақсад , бо ҳар роҳу восита, ба давлату миллати худ санг меандозанд, иғвогарию дасисабозӣ мекунанд, ба хотири амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ аз усулҳои нав ва тактикаҳои озмоидашуда истифода мебаранд. Хулоса, роҳбарияту ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ-и хунхор ва думравонаш, аз ҷумла, Гурӯҳи-24 имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, худро мудом “ғамхору дилсӯз”-и миллат ҳисобида, аз мардуми гӯё бепаноҳпуштибонӣ мекунанд,аз адолат ҳарф мезананд,худро ҳомии ҳуқуқи башар нишон доданӣ мешаванд.Баробари ин бояд қайд кард, ки дар тули беш аз сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар аз гузашта сабақ гирифта, аз ҳилаву найранги роҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ бохабаранд ва ҳаргиз фирефтаи суханҳои бардурӯғи ин ташкилоти иғвоангез намешаванд.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки мо бояд дар таҳкими Истиқлолияти давлат, Ваҳдати миллӣ ва ободонии кишвар, барои нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки гуруҳҳои тахрибкор-ТТЭ ҲНИ ва думраваш Гуруҳи-24 оромии мардуми моро халалдор намоянд.
Ф. ҚУРБОНОВ ,
мудири шуъбаи кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ