Аз фитнаву дасисабозӣ дӯрӣ ҷӯед!

 

Дар ин рӯзҳое, ки ҷаҳонро бемории ҳамагир, яъне вабо фаро гирифтааст, ҳамагон мекӯшанд, бо кӯмаку дастгирии ҳамдигарӣ садди роҳи сироятёбии бештари сокинонро гиранд.

Чуноне мушоҳида менамоем, ҳамагон дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз паҳлӯи ҳам мардумро бо андешаву афкори руҳбахшу ҷонфизо таскин бахшида, таъкид менамоянд, ки ба таҳлука дода нашуда, худ ва дигаронро бо риояи қоидаҳои гигиенӣ аз бемории сироятӣ ҳимоят намоянд. Чун моҳи раҳму шафқат, моҳи некиву накӯкорӣ ва моҳи меҳру муҳаббат, яъне моҳи мубораки Рамазон аст, мардум ҳамвораву пайваста кӯшиш менамоянд, ки бо иҷрои амалҳои солеҳ аҷру подоши гаронеро аз Худованди карим баҳравар гарданд.

Мо, устодони ДИС ДДТТ ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш муроҷиат намуда, мехоҳем диққати онҳоро ба масъалае, ки имрӯз ба ҷомеаи кушоди мо якчанд ашхосони бадкина бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд дар Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд, ҷалб намоем. Чунончӣ, рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба таҷлили Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ навиштаҳои иғвоангез ва бардурӯғу пур аз тӯҳмат, ки заминаи воқеӣ надоранд ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, ин шахсияти ба кишвари мо бегона бо номи Шамил Назарзода, ки худро «адолатпарвар» шуморида аз номи мардуми сарбаланди Мастчоҳ суханҳои бемантиқ ва беасос пеш аз пода ҷанг хезонда истодааст. Гуё, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Масчоҳ бургузор мегардад. Дуруст аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо ҷашни Ваҳдат бояд дар Мастчоҳ баргузор гардад. Вале бояд ёдовар шуд, ки дар асоси Протоколи ҷаласаи назди роҳбари Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявии мақомоти таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли2020, №АП-1365 доир ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси “COVID-19″ ва тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.03.2020, №2к/20-25  таъкид карда шудааст, ки бо баробари риояи қоидаҳои санитарию гигиении шахсӣ ва ҷамъиятӣ то муътадил гардидани ваъияти эпидемилогии сирояти нави коронавирус дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронидани маъракаҳо ва чорабиниҳои оммавӣ муваққатан маҳдуд карда шавад. Вале бо вуҷуди ин Шамил Назарзода хулосабарорӣ накарда, гапҳои беасосу бемантиқ мегӯянд ва худро “ҳақиқатҷӯй” мешуморад. Каме андеша кунанд…! Худи ӯ кист? Кадом амалҳои некашонро халқи тоҷик медонад? Воқеан мардуми сарбаланди Мастчоҳ худашон хеле хуб метавонанд сафедро аз сиёҳ ҷудо намоянд.

Хоинони миллат бори дигар душмани дини мубини ислом будани худро собит намуданд

Мутаассифона ба ҷои дар ин лаҳзаҳо дар паҳлӯи ҳамватанон қарор доштан, иддае аз хоинону бадхоҳони миллати тоҷик, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом, дар хориҷ аз кишвар, зери парасториву ҳифозати хоҷагони хориҷии хеш ҳамарӯза бар муқобили тинҷиву осудагии Тоҷикистони биҳиштосо ва мардуми шарифи кишвар садо баланд карда мехоҳанд ба оромиву субот дар мамлакат халал ворид созанд. Аз ҷумла дар лаҳзаҳое, ки мардуми шарифу ваҳдатшиори ноҳияи Мастчоҳ бо илҳом ва қалби саршори меҳру муҳаббат ба истиқболи сазовори солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳия бо дасту дили пок ва азму иродаи созандагиву бунёдкорӣ ҷаҳду талош варзида истодаанд. Борҳо мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Мастчоҳ собит намудаанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстонаву дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ба кишвари пешрафтатар табдил додани Тоҷикистони азизамон бо азму иродаи матин самҳгузорӣ намуда, ҳиссаи босазои хешро дар ин ҷода гузошта истодаанд.

Бо неруву тавон ва ғайрату азми дучанд дар ин рӯзҳо мардуми саодатманди тоҷик ва бахусус сокинони ноҳияи Мастчоҳ баҳри пешрафту шукуфоӣ камари ҳиммат бастаанд.

Тафриқаи навбатӣ ва фитнаи Муҳаммадиқболи Садриддин таҳти унвони «Хитобаи масчоиён: мо зидди баргузории ҷашни Ваҳдат дар ноҳияамон ҳастем!» бори дигар дар моҳи мубораки шарифи Рамазон шаҳодати он аст, ки ин хоинону гумроҳон, ҳатто дар ин моҳ аз фитнаву дасисабозии худ даст намекашанд.

Аҳли ҷомеаи кафедраи

ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *