АЗ ФИТНАҲОИ МАЗҲАБӢ ЭМИН БОШЕМ!

Ҷўрабек Исомитдинов-

дотсенти ДДҲБСТ

АЗ ФИТНАҲОИ МАЗҲАБӢ ЭМИН БОШЕМ!

Вақтҳои охир дар расонаҳои хабари фитнаҳои дар олам сарзадаро бо омили динӣ пайваст мекунанд. Низоъву нифоқҳо, ошўбҳо, ҷангҳое, ки дар ин ё  он гўшаи канори кураи замин  сурат мегиранд, мутаасифона бо дини ислом вобаста мекунанд. Балоеро, ки имрўз ифротгароии динӣ, экстремизм,  мутаасибӣ, террорризм унвон гирифтааст ба ислом шабеҳ медиҳанду ҳамчун тамғаи он маънидод мекунанд.   Ҳамагон медонем, ки ислом ба зоти худ айбе надорад.

Мутаасифона, дар Точикистони мо низ баъзе гурўҳҳои диниву сиёсӣ имрўз зери ниқоби ислом баромад намуда, ба ҳар васила кўшиш мекунанд, ки вазъи ороми сиёсии кишварамонро халалдор созанд. Чунончӣ, Муҳиддин Кабирӣ – собиқ роҳбари ҳизби мамнўъ ва экстремистӣ эълоншудаи наҳзати исломи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Аврупо (Дортмунду Варшава) ҳамоишҳои тарафдоронашро ташкил намуда, баҳри  ташкили як иттиҳоди нави мухолифин кўшиш ба харҷ медиҳад.

Мардуми Тоҷикистон як маротиба аз фаъолияти бемаъниву фасоди мухолифини тундгарои динӣ, ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта азият кашида буд. Маҳз иддаоҳои бемаънии мухолифин, кўшиши онҳо барои бунёди давлати исломӣ ба сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонид. Оқибати харобовари ин ҷанги беъманӣ дар он буд, ки наздик 150 ҳазор нафар кушта шуданд, зиёда аз як миллион нафар муҳоҷири иҷборӣ гаштанд, ба кишварамон зиёда аз 7 млрд. доллари амрикоӣ зарар расонида шуд.

Алъон дар ибтидои қарни XXI  бар асари ноаҳлии мусулмонон олами ислом дар таҳлука карор дорад. Душманони ислом аз ин устокорона  истифода бурда  Ироқ, Сурия, Ливия, Лубнон, Яман ва дар дигар кишварҳо низову нифоқ баранггехтаанд. Ин мамлакатҳои ба тамаддуни башарият ҳиссаи арзанда гузошта, имрўз харобу валангор гаштаанд, мардумаш сарсону овораанд, ояндаи ин кишварҳо зери суол қарор доранд. Ҷангҳое, ки дар ин мамлакатҳо ҷараён доранд, ҳосили  ФИТНА ном иллати қабеҳ ба шумор меравад

Дар байни мамлакатҳои исломӣ чанд омилҳо сабабгори сар задани фитнаҳоянд. Яке аз омилҳои асосии фитнаҳо фаъолияти равияи шиа маҳсуб меёбад. Аз таърих маълум аст, ки ин равия ва фиркаҳои он созмондиҳандагони фитнаву исёнҳо буданд.  Равияи шиа дар натиҷаи ракобати тарафдорони халифаҳои ислом Абў Бакр, Умар, Усмон ва Алӣ ба вучуд омадааст. Тарафдорони Алӣ ақоди се халифаи аввалро, ки аҳли сунниянд  инкор намуда, ба халифагӣ ё имоматӣ ҳақ доштани танҳо Алӣ ва олу авлоди ўро амри воҷиб меҳисобанд.

Кулли мардуми Осиёи Миёна аз ҷумла тоҷикон муътақиди равияи суннӣ ва мазҳаби ҳанафия мебошанд. Дар ҷараёни таърих тоҷикон борҳо ба фитнаи шиаён мувоҷеҳ гаштаанд. Чунончӣ, аз таърих медонем, ки Исмоили I  сафавии шиамазҳаб соли 1501 дар Эрон ба мардум фармон дода буд, ки «ҳар кадаре тавонанд Абў Бакр, Умар ва Усмонро лаънат кунанд».  Ў соли 1510 ба намояндаи темуриён Бобур  бар ивази паҳн кардани расму русуми шиа дар Осиёи Миёна барои шикаст додани Муҳаммад Шайбонихон ёрии ҳарбӣ расонида буд. Маҳз барои иҷро кардани ин амри Исмоили сафавӣ соли 1512 Бобур аз Самарқанд ронда мешавад.

Дар аморати Бухоро соли 1910 моҷарои сунниву шиа сар мезанд. Дар ин давра дар шаҳри Бухоро теъдоди шиаҳо афзуда, ҳатто вазифаи кушбегӣ (шахси дуюм дар аморат)-ро Остонақули шиамазҳаб ишғол мекард. Аз ҷониби Остонакул зиёд намудани андозҳои ғайришаръӣ, худсариҳои шиаён боиси низоъҳо мегардад. Дар натиҷаи ин исён наздик ҳазор нафар кушта шудаанд.

Дар охири қарни ХХ дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рўҳониён  сохторҳои махсуси Эрон ба кувваҳои  мухолифини исломии тоҷик ҳамаҷониба ёрии моддиву «мафкуравӣ» мерасониданд. Ин раванд имрузҳо низ аз нав эҳё гардида истодааст. Чӣ тавре, ки дар расонаҳои хабарӣ омадааст ашхосе пайдо шуданд, ки дар байни мардум  ақидаҳои шиагароиро тарғиб мекунанд. Ба қавли таҳлилгари рус М. Клишевский   Мухаммадҷон Нурӣ дар мактабҳои олии динии Эрон тарбия гирифта, ба тарғиби афкори барои ҳанафиён бегона машғул гаштааст.  2 декабри соли 2011 намояндаи баргузидаи ҲНИТ Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода бо ҳаммаслаконаш дар масчиди «Муҳаммадия»-и деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат маросими «Ашура»-и шиаёнро барпо намуда, ихтилофи ҷиддии мазҳабиро ба вуҷуд оварданд.

Эрон бо ҳар васила, хосатан бо истифодаи ниҳодҳои молиявии кишвараш аз қабили  «Хазинаи Ҳумайнӣ» зери ниқоби табодули фарҳангиву этникӣ корҳои тарғиботиро дар Точикистон ба роҳ монда ҷавононро барои таҳсил дар мактабҳои динии Эрон ҷалб менамуд.

Эрон новобаста аз он, ки Суди олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро  моҳи сентябри соли 2015 ташкилоти террористӣ эълон намуда фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ намуд, Муҳиддин Кабириро ба конференсияи бонуфузи байналхалқӣ, зери унвони «Ягонагии ислом» расман даъват намуд. Ин амали ҷониби Эрон боиси норозигии Ҳукумати Тоҷикистон гашт ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нотаи эътирозӣ баён намуд. Имрўз аксари коршиносон бар он акидаанд, ки Муҳиддин Кабирӣ бо мазҳабфурўшӣ машғул гашта, дар байни мардум, хосатан ҳаммаслаконаш шиагароиро тарғиб мекунад ва бо ин амалаш ба ихтилофи назарҳо сабаб гаштааст.

Хушбахтона, пеши роҳи ин қабил амалҳо бо ибтикори Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда истодааст. Пеш аз ҳама ҷавононе, ки дар Эрон таҳсил менамуданд ба Ватан баргардонида шуданд. Бар зидди гурўҳҳои ифротгаро ва хусусияти террористидошта муборизаи беамон ба роҳ монда шудааст. Имрўз дар кишварамон барои бедор намудани ҳуввияти миллӣ, гиромӣ доштани арзишҳои умумибашарӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

 Чархи гардун кай ба фармони ман аст,

Нусхае аз умри сарсони ман аст,

Дар сафи ин мардуми паймоншикан,

Устувори аҳду паймони ман аст.

Нестам мансабхару мазҳабфурўш,

Дар ниходам пок имони ман аст,

Тавба созам баъди ҳар ҷурму гуноҳ,

Тавбаи дил амри вичдони ман аст.

9 Комментариев для “АЗ ФИТНАҲОИ МАЗҲАБӢ ЭМИН БОШЕМ!”

  1. Ҷавонон набояд ба кишварҳои дигар барои омӯзиши Ислом раванд. Зеро дар он кишварҳо мазҳабҳои аз Имоми Аъзам дур ва идеологияҳои харобивари кишварҳои Эрону араб омӯзонида мешавад, ки ба миллату давлати мо фақат зиён ва бӯи Сурияву Ироқро меорад. Ҷавонони моро лозим ба омӯзиши забонҳову технологияҳои инноватсионӣ рӯй оваранд.

  2. Мо хамеша тарафдору пайрави амалхои шоёни хукумат ва президенти азизамон Эмомали Рахмон мебошем. Ахсант ба ин марди доно ва бозаковат, ки ба муваффакиятхои зиёд дар кишвар ноил гаштааст!

  3. Вазифаи асосии тарбиятгар ба рохи дуруст хидоят намудани чавонон аст, на зидди хукумат. Мо бояд хамрохи Пешвои миллат чамъияти худро обод кунему шукронаи даврони имруза кунем.

  4. Нестам мансабхару мазҳабфурўш,

    Дар ниходам пок имони ман аст,

    Тавба созам баъди ҳар ҷурму гуноҳ,

    Тавбаи дил амри вичдони ман аст.

  5. Вақтҳои охир дар расонаҳои хабари фитнаҳои дар олам сарзадаро бо омили динӣ пайваст мекунанд. Низоъву нифоқҳо, ошўбҳо, ҷангҳое, ки дар ин ё он гўшаи канори кураи замин сурат мегиранд, мутаасифона бо дини ислом вобаста мекунанд. Балоеро, ки имрўз ифротгароии динӣ, экстремизм, мутаасибӣ, террорризм унвон гирифтааст ба ислом шабеҳ медиҳанду ҳамчун тамғаи он маънидод мекунанд. Ҳамагон медонем, ки ислом ба зоти худ айбе надорад.

  6. Ислом ба зоти худ надорад айбе,
    Хар айб, ки хаст дар мусалмонии мост.

  7. Мардуми Тоҷикистон як маротиба аз фаъолияти бемаъниву фасоди мухолифини тундгарои динӣ, ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта азият кашида буд. Маҳз иддаоҳои бемаънии мухолифин, кўшиши онҳо барои бунёди давлати исломӣ ба сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонид

  8. Оқибати харобовари ин ҷанги беъманӣ дар он буд, ки наздик 150 ҳазор нафар кушта шуданд, зиёда аз як миллион нафар муҳоҷири иҷборӣ гаштанд, ба кишварамон зиёда аз 7 млрд. доллари амрикоӣ зарар расонида шуд.

  9. Дар қарни XXI бар асари ноаҳлии мусулмонон олами ислом дар таҳлука карор дорад. Душманони ислом аз ин устокорона истифода бурда Ироқ, Сурия, Ливия, Лубнон, Яман ва дар дигар кишварҳо низову нифоқ баранггехтаанд. Ин мамлакатҳои ба тамаддуни башарият ҳиссаи арзанда гузошта, имрўз харобу валангор гаштаанд, мардумаш сарсону овораанд, ояндаи ин кишварҳо зери суол қарор доранд. Худованд аз фитнахои охирзамон нигах дорад,

Leave a Reply to Сарбоз Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *