АЗ БАЙН БУРДАНИ СОМОНАҲОИ ҶАРАЁНҲОИ ИФРОТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ!

         Таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрузҳо даҳҳо ҳазор интернет, алалхусус сайт ва вебпорталҳои амалкунанда мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Терроризм дар интернет падидаи динамикӣва бисёрҷониба мебошад. Онҳо асосон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube ва амсоли инҳо  онҳо тарафдорони навро ҷалб карда, ғояҳои бунёдгароиро таблиғ менамоянд. Гузашта аз ин, феълан дар шабакаҳои интернетӣ сайтҳои зиёди ахборотӣ, ки бо созмонҳои террористӣ робитаи мустақим надоранд, аммо ғояҳои онҳоро меписанданд, хеле афзудааст. Агар дар соли 1998 сохторҳои террористӣ дар шабакаҳои нав ташаккулёфтаи интернет ҳамагӣ 12 сомона, соли 2005-ум 4800 сомона доштанд, ҳоло шумораи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои террористӣ беш аз 10000 расидааст. Бо воситаи интернет ташкилотҳои байналмилалии террористӣтаблиғи ақидаҳои бунёдгароии таҳрифшудаи ҷиҳод ва мубориза бо кофаронро таблиғ мекунанд, идеяҳои ифротгароӣ ва терроризмро таҳти пӯшиши динӣ паҳн мекунанд. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣшакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар ин замина онҳо аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣмушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣдар давлати дигар муваффақ шавад. Тафовут дар қонунгузории миллӣниз монеаи ҷиддӣдар ин роҳ аст. Чунин сурат гирифтани кор аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣтабдил ёфтааст. Дар марҳилаи кунунӣяк қатор усули гуногун ва қисман мутобиқ бо якдигари шабакаи террористӣдар интернет муайян карда шудааст: Ҷанги равонӣ,  яъне барои паҳн кардани иттилооти дурӯғин, таҳдид, барангехтани тарсу ҳарос, эҳсоси нотавонӣ, тасвири амали даҳшатовари худ истифода бурда мешавад. Интернет имконияти террористонро барои ташвиқоту ошкор ва таблиғ кардани фаъолияташонро мусоидат менамояд. То ин вақт умеди террористон барои ошкор шудани амали онҳо бо ҷалби телевизион, радио ва дигар ВАО вобаста буд. Барои ҷамъоварии маълумот интернетро метавон чун китобхонаи азими рақамӣбаррасӣнамуд. Фақат «Торнамои умумиҷаҳонӣ» ( Всемирная паутина (англ. World Wide Web) ) тақрибан миллиард саҳифа иттилоотро пешниҳод карда метавонад, ки бисёрии он озодона дастрас ва барои ташкилотҳои террористӣхеле мусоид аст. Аз интернет террористон метавонанд иттилооти муфассалро дар бораи ҳадафҳояшон маълумот пайдо мекунанд.Масалан, дар бораи зерсохтори нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи атомӣ, иморатҳои ҷамъиятӣ, фурудгоҳҳо, бандарҳо ва ҳатто иттилоот дар бораи тадбирҳои зиддитеррористиро ба даст оваранд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки ҷамъоварии маблағ низ мисли дигар созмонҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои террористӣ интернетро барои такмили фондҳои худ истифода мебаранд. Интернетро террористон на танҳо барои тақозои «хайрот» аз хайрхоҳони худ, балки барои ҷалб ва сафарбаркунии тарафдорон, ки нақши ҳар чи фаъолтарро дар дастгирии амали террористӣбозӣмекунанд, истифода мебаранд. Бисёр гурӯҳҳои террористӣбо кӯмаки интернет имконият пайдо кардаанд,ки  бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣалоқа барқарор намоянд. Технологияи муосири иртиботӣмахсусан компютерӣ, аз рӯи чанд сабаб воситаи таъсиси шабакаҳо ва дастгирии шабакаҳои террористӣ мебошад.

          Дар интиҳои масолили матраҳгардида метавон хулоса кард, ки ифротгароии иттилоотӣчун падидаи нави технологӣба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣмерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Хулоса, аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣва террористӣталаботи замон аст!

М. ФАЙЗИЕВ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *