АЗ ҲАНГОМАҶӮИИ БАДТИНАТОН ОГАҲЕМ!

Мо тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки имрӯзҳо авзои сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Дар иртибот қайд менамоем, ки имрӯзҳо аз тарафи ашхоси ҳангомаҷӯю фурсатталабон, аз ҷумла роҳбари собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки алҳол ҳизбро Паймони миллӣ (ПМ) ном гузошта, солҳои охир, аз ҷумла дар давоми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зимни баромадҳояш оид ба масъалаи нерӯҳои ҳаракати “Толибон» ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод карда, мехоҳад, дар ҷомеаи имрӯза таҳлука барангезад. Бояд хотиррасон кард, ки Сарвари кишварамон дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ яке аз аввалинҳо шуда оид ба эътидол овардани авзои Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Роҳбари давлатамон ба таври возеҳ иброз доштанд, ки дар Афғонистон бояд Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ  ташкил карда шавад, ки дар он намояндагони ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, аз ҷумла тоҷикон ширкат дошта бошанд. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нуктаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст. Воқеан ин иқдом саривақтӣ буда, дар ҳолати буҳронӣ ба ин кишвар манфиатовар аст. Баробари ин бояд қайд кард, ки бавҳри таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мувофиқи принсипҳои асосии созмон дар шароити кунунӣ омили муҳими субот ва таъмини амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо медонанд.

Хулоса, дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, бар зидди инсонҳои тангназарону хиёнаткори ифротӣ муборизаи беамон бурда истодааст ва минбаъд низ хоҳад бурд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи Тоҷикистонро тира карда наметавонад !

                                                     А.ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *