АЗ АМОНӢ ГУФТУГӮ ДОРЕМ МО…

Вақтҳои охир вазъи номӯътадил дар минтақаҳои  назди  сарҳадии кишвари мо  ва Ҷумҳурии Қирғизистон боиси нигаронии аҳли ҷомеа  шудааст. Таърих довари  ҳақ  аст , ки мардуми тоҷику  қирғиз  асрҳои  аср дар ҳамсоягӣ дар ҳусни якдигарфаҳмӣ, муносибати некхоҳона зиндагӣ намуда бо ҳам риштаи хешутаборӣ пайвастаанд. Дар замони солҳои истиқлолии ду кишвар робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба сатҳу сифати нав баромада, густариш ёфтанд.Шоистаи зикр аст, ки мо тоҷикон ба мардуми қирғиз бо чашми нек менигарем ва хоҳони шукуфоии ин кишвари ба мо дӯсту ҳамсарҳадем . Як нуктаро дар ин маврид хоса  бояд таъкид кард , ки мардуми  вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар замони шӯравӣ ва то имрӯз аз  заминҳои кишвари мо фаровон исифода бурда, зиндагии худро пеш мебаранд .

Мардуми ноҳияи Б.Ғафуров хуб дар хотир доранд, ки дар замони шӯрваӣ чӣ қадар заминҳо (аз ҳудуди деҳи Хистеварз – Арқа) ба мардуми қирғиз барои чаронидани молҳояшон ҷудо карда шуда буд . Аламовар аст , ки баъзе аз бошандагони вилояти Боткенти Қирғизистон ин ҳамаро нодида гирифта, даъвои беасоси заминро доранд . Ҳарчанд ҳалли қазияи мазкур аз ҷониби комиссияи махсуси давлатии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дошта бошад ҳам, вале гурӯҳи муайяни мардуми вилояти Боткент худсаронаву бадқасдона ҳамаи ин гуфтушунидҳоро нодида мегиранд . Дар урфият мегӯянд , ки “Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст ” вобаста ба ин хуб мешуд муносибати мардуми ба мо дӯсту бародар аз рӯйи ин мақоли халқӣ ба роҳ монда мешуд .Санаи 28 апрели 2021 аз тарафи қирғизҳои дар деҳаи Хистеварз маскуншуда ба хонаҳо ва аҳолии ин маҳал ногаҳон ҳуҷум карданд . Якчанд нафар аз аҳолии маҳалӣ кушта шуда, чанде маҷрӯҳ шуданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебоша. Мо ин муносибати гурӯҳи муайяни мардуми қирғизро ҳамаҷониба маҳкум менамоем  .Ҳамаамон аз сокинони наздисарҳадии кишвар даъват ба амал меоварем, таҳамулро пеша намуда рӯҳафтода нашаванд. Дар интиҳои  мақолаи хеш бо забони шоири халқи Тоҷикистон , Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода гуфтанием:

 

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо ,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

 

Аюбова Д.А., ассистенти кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *