Мусаллам аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол 30-умин солгарди Истиқлоли давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда,имрӯз бо сарварии фарзанди фарзонааш Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати воҳид, ҳамчун давлати пурқувват, ҳамчун давлати пешрафта мубаддал гардидааст. Халқи тоҷик озод, хонаи тоҷик обод мебошад. Халқи тоҷик дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардидааст. Ободшавии мунтазами кишвар,аз ҷумла сохтмонҳои бонуфузи нақбу нерӯгоҳҳо, роҳшоҳу марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба Сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад. Дар баробари чунин пешравиву бурдбориҳо, мутаассифона, ҳизбу равияҳои ифротӣ ёфт мешаванд, ки чунин пешравиҳои миллатро чашми дидан надошта,бо нақшаҳои бадхоҳонаи худ мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик боз воқеаҳои солҳои 90 – умро такрор намоянд. Яке аз чунин гуруҳ ТТЭ ҲНИ мебошад, ки шурӯъ аз оғоз фаъолияти пасипардагиаш, барои бадбахту беобрӯ намудани миллати тоҷик амалҳои номатлуб содир намудааст. Баъд аз манъ намудани фаъолияти ин ташкилот ва эълон гардидани ташкилоти эктремистию террористӣ ҲНИ аз ҷониби кормандони қудратии мамалакат нақшаҳои ин ташкилоти террористӣ, ки барои барпо намудани нооромиҳо дар кишвар таҳрезӣ шуда буд, дарёфт карда шуд. Роҳбару аъзоён ва пайравонаш, ки номи насаби онҳро ҳамагон медонанд, имрӯз аксарияташон дар Аврупо иқомат дошта, бо ҳар гуна роҳу восита мекӯшанд, бо дасисабозиҳо мафкураи мардуми мо, бахусус ҷавононро заҳролуд намоянду вазъи ороми кишварамонро ноором гардонанд. Ононе, ки ба ТТЭ ҲНИ шомил мешаванд, инсонҳое мебошанд, ки аз ҳадафҳои муғризонаи ин ҳизби ифротгаро, мутаассифона, ноогоҳанд. Бинобар ин, имрӯз мардуми диёрамон дар ин радиф баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ҷидду ҷаҳд доранд. Бобаробари ин вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад. Мо бояд тамоми малакаву дониши худро баҳри таҳкими рӯзгори орому осуда, ҳаёти осоиштаи имрӯзу фардо, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ равона созем.
М. ДОНИЁРОВА,
дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ