ҶАВОНОНРО АЗ БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ДОМИ ФИРЕБИ ИФРОТГАРОЁН ЭҲТИЁТ НАМОЕМ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир рушди бесобиқаи таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ба чашм мерасад. Аз имконияту афзалияти Интернет–манбаъҳо имрӯз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурӯҳҳои гуногуни террористӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки қаблан «Ахбор ком» номи худро ба «Ислоҳ нет»-и ифротӣ табдил дода, танҳо ба хотири дарҷ намудани мақсадҳои нопок ва хабарҳои бардурӯғи созмони ТТЭ ҲНИ -“Паймони миллӣ” ва дигар равияҳои ифротӣ амал мекунад. Имрӯзҳо мубаллиғони ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, дар барномаҳои ифротиашон ҷавонони кишварро ба доми худ мекашанду ҳаёти босаодати онҳо ва зиндагии тинҷу осудаҳолонаи онҳоро ба коми бадбахтиву ноумедиҳо мебаранд. Чунончӣ ҷавоне бо номи Беҳрӯзи Абдуллоҷон дар давоми солҳои охир барномаҳои дорои мазмуни ифротгароиро, ки аз ҷониби саркардагони ТТЭ ҲНИ таҳияву дар интернет пахш мешавад, мунтазам тамошо намуда, тавассути саҳифаи шахсиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро ҳадафмандона паҳн намудааст. Оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдор дастгир гардида, тибқи қарори Суди шаҳри Ваҳдат дар асоси моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятӣ барои ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат мебошад. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Хотиррасон кардан зарур аст, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бинобар ин, дар муассисаю ташкилотҳо ва оила мо чеҳраи манфури бадхоҳони милллатро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Хулоса, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастӣ ва доми фиреби ифротгароён эҳтиёт намуд.

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *