Ҷавонони худшиносу худогоҳро тарбия намоем!

Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хатари глобалӣ эҷод карда истодаанд. Ҳамакнун терроризмро метавон ба унвони “вабои асри XXI” ташбеҳ дод, чунки он аз рӯйи қувваи харобкории худ на камтар аз ин  бемории марговар аст. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ касе ва ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амну амонӣ эҳсос намоянд.

Солҳои охир терроризм ва экстримизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротъгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои муссаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба динҳо, аз ҷумла бадини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда, ҳисси бадбинӣ, нафрат, аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили он шахс ҷой мекунанд. Ҳатто ба дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар ва зану фарзанд гузашта, даст ба кори зишт мезананд.

Муқовимат бар ин амали хатарзо яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро дар тамоми зуҳуроташ қотеънома маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон сабаби асосии даст задани ба ин амали номатлуб, сангин, пеш аз ҳама, надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумнон кардан, дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кӯдакон раҳме надоранд. Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд.

Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстримистӣ дар муҳити ҷамъияти анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда маҳсуб мешаванд. Махсусан, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муқим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гаравидан ба гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заиф мебошад.

Ҷавонон, ки аслан ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи иҷтимоӣ ва равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг ғӯтавар гарданд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстримистӣ, бо дарназардошти ҳамин шароит , талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонон аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал карда наметавонанд, балки муаммоҳои зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.

Бинобар ин,  омӯзгорон ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки бо дарки масъулият истиқлолияти худро бо меҳнати софдилона ва солимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшанд ва дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.

                                                                  Дониёрова М.М. дотсенти кафедраи ҷомеашиносии   ДИС ДДТТ

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *