Ҷавонони бояд бо Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор намоянд

Маркази байналмилалии мубориза бо терроризму экстемизм воқеъ дар Ҳолланд ахиран гузоришеро дар сомонаҳои инетрнетӣ ба нашр расонд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри ҷадвали гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқ ва Сурия қарор доранд ва аз ҳама зиёд худро қурбони ин ҷангҳои бемаънӣ кардаанд. Ин гузориш дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ перомуни он  арзёбиву баррасиҳои зиёде шуд.

Ростӣ баъди мутолиаи ин матлаб кас ба андеша меравад, ки чаро ҷавонони мо ин қадар зудбоваранд ва осон ба доми макру фиреби дигарон меафтанд? Имрўз дар ҷаҳон воқеаҳое рух дода истодаанд, ки аслан ба дину оин ва аз ҷумла ба дини Ислом иртиботе надоранд. Терроризм дину мазҳаб, миллат надорад ва онро маҳз ба як дин вобаста кардан билкул нодуруст аст. Аммо мутассифона расонаҳои иттилоотӣ бо пахши барномаҳои зиёде имрўз маҳз мафҳуми терроризму экстремизмро ба дини мубини Ислом бор мекунанд, ки дар зери ин афкору андешаи онҳо ҳадафҳои нопоку сиёҳ маҳфуз мебошад. Борҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои баланд ба ҳимояти дини мубини Ислом бархоста таъкид кардаанд, ки Ислом ба терроризм аслан иртиботе надорад.

Боиси афсўс ва нигаронӣ аст, ки имрўз ҷавонони мо фирефтаи афкори бегонагон гардида, даст ба амалҳои ношоиста мезананд ва дар сархати маргталабон дар давлати ба номи исломии Ироқу Шом қарор доранд. Омилҳои ба ин кор даст задании ҷавонон дар чист, шояд онҳо баъди тамошои кинофилмҳои қаҳрамонтарошии хориҷӣ дар интихоби роҳ баъзан ба сардаргумӣ мераванд, роҳгум мезананд. Намедонанд ба кӣ монанд шаванд. Ё сомонаҳои ифротӣ ва террористӣ кори худро карданд ва тавонистанд як гуруҳи кам ҳам бошад, ҷавононро гумроҳ созанд. Албатта, рафтори ин ҷавонон, кушта шудани онҳо дар ҷанги бегона – ватани бегона, ҷони ширин ба бод додан барои манфиати бегона нишони ҷаҳолату бесаводии онҳост.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ин амали нангини ҷавонони маргталаби тоҷикро ғайр аз бехирадӣ  намешавад ба чизи дигар унвон кард. Дар шабакаи иҷтимоӣ андешаи як нафар фарди тоҷик перомуни хабари маргталабии ҷавонони тоҷик ҷой дода шудааст, ки ба ин мазмун аст: «Хабар медиҳанд, ки маргталабон дар ҳолати сархушӣ аз нашъаву ҳероин худкушӣ мекунанд. Агар ин ҳарфҳо рост бошад, воқеан ки кори бехирадонае анҷом медиҳанд. Як хабарнигор, ки бо бачаҳое аз Сурия баргашта борҳо мусоҳиба доштааст, мегўяд, вазну эътибори фармондеҳони ДИИШ вобаста ба шумори “шаҳидонашон” аст. Яъне, як фармондеҳи ДИИШ ҳар чи бештар ҷанговаронашро талаф диҳад ҳамон андоза соҳиби эътибор мешавад. Ҳоло хабар мерасад, ки Гулмурод Ҳалимов (собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон) бахше аз фармондеҳии ДИИШ-ро бар дўш дорад. Эҳтимол, дар афзоиши шумори маргталабони тоҷик саҳм дошта бошад. Рехтани хуни тоҷик бо дасти тоҷик. Бехирадӣ!»

Хабари мазкур вокунишҳои шадидро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Соли 2017 дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон гардид ва албатта дар ин росто тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва ҳидояти онҳо ба сўи ростиву росткорӣ, барои амалҳои неку созанда рисолати аслии аҳли ҷомеаи кишвар аст.

Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба худшиносию худогоҳӣ ва дўстдории марзу буми кишвар даъват карда, таъкид намуданд, ки ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

 «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *