Ҷавонон бояд худшиносу худогоҳ бошанд

Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Вақте ки 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, кишварҳои мухталифи ҷаҳон Тоҷикистонро давра ба давра ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Аз замоне, ки Истиқлолият дар Тоҷикистон пойдор шуд, давлат роҳи рушди минбаъдаи худро бо кишварҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувофиқ сохт. Дар тӯли 26-соли Истиқлолият Тоҷикистон ба бисёр даствоардҳлои бузург ноил гардид. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати обод ва озод мебошад.
Лекин, мутаасифона, вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” пайвастани як гурӯҳ ҷавонони тоҷик ба чашм мерасад. Ҳанӯз ҳам омилҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.
Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои кишвар мебошад. Мо худ дарк мекунем, ки таҳкими сулҳу субот мубориза ба ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуни метавонанд ғояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу мунтазами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори низомиӣ вобастагии мустақил дорад. Дар замони мо ҳама ҷо пур аз густариши экстремизм, тероризм мебошад, дар ин бора дар ҳама ҷо зиёд ҳарф мезананду менависанд. Асосан маънои аслии “экстремизм” ифротгарои, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои аз ҳад гузаштан мебошад. Экстремист шахсе мебошад, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравиро роҳ медиҳад. Ин зуҳурот метавонад, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён ояд.
Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ бояд эмин нигоҳ дошт.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”.
Ҷавобан, ба ин гуфтаҳои сарвари давлат чавонон, бояд ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯши худ гирифта, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо сохта, Истиқлолияти кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.
Барои пешгирӣ ва бартараф кардани хатари ифротгароӣ, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омӯхтан ва ташхису бартараф кардани як қатор омилҳо зарур мебошад.
Дар муассисаҳои таълимӣ ва дар макотиби олӣ бояд кори созмонҳои тарбиявӣ ва созмонҳои ҷавонон хуб ба роҳ монда шавад. Чунки бештар сафи созмонҳои байналмилалиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, зеро, махсусан, ояндасози миллат-ҷавонон мебошанд.
Дар ин замина дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Шораҷабова Ш.З

Ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *